Хабари хуб

Ирон Узбакистонро ҳушдор дод 17.06.2010 14:57 Ирон Узбакистонро ҳушдор дод
Ирон ба Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати идома додани боздошти вагонҳои Тоҷикистон, аз вуруди вагонҳои Узбакистон ба Ирон ҷилавгирӣ мекунад. Ҷониби Узбакистон посух додааст, ки боздошти вагонҳои Тоҷикистон ба далели фаннӣ ....

Як корманди ОМОН ва ду ҳамлагар кушта шуд 10.06.2010 16:50
Бар асари амалиёти неруҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи ҳамлагарон ба посгоҳи Варзоб ду ҳамлагар ва як корманди ОМОН кушта шудааст. Гуфта мешавад, рӯзи дуюми июн бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба милиса дар посгоҳи Варзоб як корманди Вазорати корҳои дохилӣ ҷароҳат бардошт, ки ин воқеа дар минтақаи Майхура рух дода буд.
Узбакистон дар Душанбе алайҳи Роғун садо баланд кард 10.06.2010 16:50
Конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» рӯзи 8- июн дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд, ки ду рӯз давом мекунад. Дар кори Конфронс тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ доданд, намояндагони баландмақоми беш аз 70 кишвари олам ва 20 сохтори тобеи созмонҳои байналмилалии СММ, САҲА, ЮНЕСКО ва ....
Эътирози рӯзноманигорон дар назди сафорати Узбакистон 10.06.2010 16:49
Даҳҳо хабарнигори тоҷик ва намояндагони созмонҳои рӯзноманигорӣ субҳи имрӯз дар назди сафорати Узбакистон дар Душанбе ба нишони эътироз аз манъи бардавоми қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҷамъ омаданд.
Узбакистон - устухон дар гулӯи Тоҷикистону Афғонистон 10.06.2010 16:49
Беш аз 3,5 ҳазор бушкаи маҳсулоти нафти барои Афғонистон пешбинишуда дар роҳи оҳани ҳудуди Ӯзбакистон боздошт шудааст, гуфт вазири савдо ва саноати Афғонистон Ғулом Муҳаммад Элакӣ рӯзи 3 июн дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул.
Натиҷаи аудити «Барқи тоҷик» нашр шуд 10.06.2010 16:48
Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” натиҷаҳои ду тафтиши мустақили фаъолиятҳои молии ин ширкатро нашр кардааст, ки дар онҳо намунаҳое аз номутобиқатии ҳисоботи молии ширкат зикр шудааст.
Боз як сарбоз кушта шуд 03.06.2010 21:23
30-юми майи соли равон дар дидбонгоҳи марзии Янгиқурғони марзи Табошари вилояти Суғд аскари қаторӣ, Ортиқов Акбар Ашӯрович, зодаи нохияи Турсунзода аз тири силоҳи оташфишон ҳалок гардид. Назар ба маълумоти манбаи расмӣ, сарбоз ба худкушӣ даст задааст. Аммо манбаи мӯътамад, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, хабар дод, ки фоҷиа бар ....
М. Каниши: Роғун роҳи ҳалли масъала аст 03.06.2010 21:23
Тоҷикистон ҳаққи ҳаллу фасл намудани масоили таъмини бонизоми аҳолиаш бо барқро дорад, гуфтааст дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо хабаргузории «Азия-плюс» директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Мато Каниши.
Даргузашти Раиси собиқи Суғд дар зиндон 27.05.2010 17:25
Абдуҷалил Ҳомидов, собиқ раиси вилояти Суғд ва аз шахсиятҳои бонуфузи арсаи сиёсии Тоҷикистон, дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе даргузаштааст. Ҳарчанд то ҳол манбаҳои расмӣ аз додани маълумоти ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ мекунанд, вале пайвандони Абдуҷалил Ҳомидов фавти ӯро тасдиқ карданд.
Анҷумани 12-уми ВАУ-и Осиёи Марказӣ 27.05.2010 17:24
12-умин Анҷумани ВАУ-и Осиёи Марказӣ ба ибтикори САҲА дар Душанбе тайи ду рӯз доир гардид. Дар ин ҳамоиши намояндагон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва коршиносони байналмилалӣ аз Русия, Литва, Аврупо ширкат доштанд, ки дар мавзӯи "Дастрасӣ ба иттилоот ва фанновариҳои ҷадид" табодули назар карданд.
Маблағи Роғун чӣ миқдор аст? 27.05.2010 17:24
Тибқи иттилои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисобҳои сохтмони НБО Роғун аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳҳои НБО "Роғун" бо дарназардошти кӯмакҳои молиявӣ то таърихи 20 майи соли 2010 - 817 миллиону 951 ҳазору 991 сомонӣ ворид гардид.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97