ИА ба ҳамсояҳои Афғонистон барои қабули гурезаҳо пул доданист

Хабари хуб 03.09.2021 11:44

Иттиҳоди Аврупо (ИА) тасмим гирифтааст, барои ҳамсоякишварҳои Афғонистон, ки гурезаҳоро қабул мекунанд, 600 миллион евро ҷудо кунад. Дар ин бора расонаи "Financial Times" иттилоъ додааст.

Ин маънои онро дорад, ки Брюссел ба Покистон, эҳтимолан ба Узбекистону Тоҷикистон ва ҳатто Эрони таҳримшуда кумаки молӣ кунад.

Вазирони умури хориҷии 27 кишвари узви ИА 31 август барои баррасии вазъи Афғонистон ҷаласаи изтирориеро баргузор карданд. Дар поёни ҷаласаи шӯрои ИА афзоиши кумак ба кишварҳои севуме ваъда дода шуд, ки бештари гурезаҳои афғонро қабул кардаанд.

Ҳамчунин дар изҳорот гуфта шудааст, ки узви ИА дар асоси "дарсҳои гузашта" барои пешгирӣ аз "такрори омадани мавҷи бузурги идоранашавандаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ" ҳамкориро ба роҳ хоҳанд монд. Шӯро гуфтааст, "ҳамаи талошро мекунанд, то вазъи Афғонистон барои шаҳрвандони ИА хатареро эҷод накунад".

Пештар чандин кишвари узви ИА гуфтанд, аз эҳтимоли такрори буҳрони муҳоҷиратӣ, ки соли 2015 дар пайи ҷанги шаҳрвандии Сурия ба миён омада буд, нигарон ҳастанд.

Қаблан Вазорати умури хориҷии Узбекистон эълом кард, ки ин кишвар наметавонад гурезаҳои афғонро бипазирад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97