Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран аз таъсиси Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бахши фанҳои дақиқ хабар додааст.
Дар робита ба таъсиси ин ҷоиза ин манбаъ хабар дода, ки «бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.11.2020, №621) барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола барои дарёфти ҷоиза озмун баргузор мегардад».
Ҳадаф аз таъсиси ин ҷоиза, амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасманд сохтани олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ унвон мешавад. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки таъсиси ин ҷоиза барои рушд ёфтани фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили методикаи таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрҳо ва докторҳо аз рӯйи ихтисос нигаронида шудааст.
Гуфта мешавад, ин Ҷоизаи давлатӣ ба олимон барои натиҷаи фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат менамояд, коркард ва азхудсозии техника, кашфиёту ихтироот, ки тақвиятдиҳандаи рушди иқтисодиёт ва иқтидори мудоифиавии мамлакат мебошад, барои таҳияи китобҳои дарсӣ, нашри мақолаҳои илмию методӣ, маводи таълимӣ-методӣ, омода намудани донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ, саҳмгузорӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои илмию техникии ҷумҳурӣ дода мешавад.
Ҳамчунин, ҷоизаи мазкур ба омӯзгорон барои навоварӣ дар таҷрибаи педагогӣ, мақолаҳои илмию методӣ, патент барои ихтироот, дастур ва китобҳои дарсии нашршуда, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, маҳорати асоснок намудани омӯзиши фанни таълимӣ ва методикаи таълим, истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, омода намудани талабагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, муаррифии усулҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, фарҳанги муошират, сатҳи забондонӣ, ҳамкории омӯзгор бо хонанда, падару модар ва ҳамкорон тақдим мегардад.
Озмун барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ барои олимон дар ду давр: дохилиидоравӣ (муассисае, ки олим дар он ҷо фаъолият мекунад) ва ҷумҳуриявӣ, барои омӯзгорон дар се давр: шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Мукофоти молӣ барои ҳар як ғолиб 20 000 сомониро ташкил медиҳад.
Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз сомонаи Вазорати маориф ва илм – www.maorif.tj қобили дастраст аст.