Маблағи Роғун чӣ миқдор аст?

Хабари хуб 27.05.2010 17:24

Тибқи иттилои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисобҳои сохтмони НБО Роғун аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳҳои НБО "Роғун" бо дарназардошти кӯмакҳои молиявӣ то таърихи 20 майи соли 2010 - 817 миллиону 951 ҳазору 991 сомонӣ ворид гардид.

Фз ҷумла бақия дар суратҳисобҳои: БДА "Амонатбонк" - 35 миллиону 816 ҳазору 300 сомонӣ, ҶСК "Ориёнбонк" - 154 миллиону 767 ҳазору 600 сомонӣ, ҶСК "Агроинвестбонк" - 118 миллиону 48 ҳазору 700 сомонӣ, ҶСП "Тоҷпромбонк" - 11миллиону 124 ҳазору 400 сомонӣ, ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" - 19 миллиону 968 ҳозору 800 сомонӣ, ҶСП "Бонки рушди Тоҷикистон" - 2 миллиону 779 ҳазору 500 сомонӣ, ҶСП "Фононбонк" - 3 миллиону 234 ҳазору 700 сомонӣ, ҶСК "Бонки Эсхата" - 4 миллиону 259 ҳазору 800 сомонӣ ва дар хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 467 миллиону 952 ҳазору 191 сомонӣ маблағ нигоҳ дошта шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97