Даргузашти Раиси собиқи Суғд дар зиндон

Хабари хуб 27.05.2010 17:25

Абдуҷалил Ҳомидов, собиқ раиси вилояти Суғд ва аз шахсиятҳои бонуфузи арсаи сиёсии Тоҷикистон, дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе даргузаштааст. Ҳарчанд то ҳол манбаҳои расмӣ аз додани маълумоти ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ мекунанд, вале пайвандони Абдуҷалил Ҳомидов фавти ӯро тасдиқ карданд.

Қарор аст маросими ҷанозаи Абдуҷалил Ҳомидов рӯзи чаҳоршанбеи 26 май дар зодгоҳаш дар деҳаи Исписори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шавад. Абдухалил Ҳомидов, бародари Абдуҷалил Ҳомидов, рӯзи сешанбеи 25 май дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ хабари фавти бародари худро таъйид карда ва гуфтааст, ки чанде аз хешовандонаш феълан барои интиқоли ҷасади вай дар шаҳри Душанбе қарор доранд.

Бародари марҳум дар мавриди сабабҳои фавти бародараш ба расонаҳо изҳори беиттилоӣ карда, вале гуфтааст, ки дар чанд соли ахир Абдуҷалил Ҳомидов аз вазъи саломатии хубе бархурдор буд. Гуфта мешавад Абдуҷалил Ҳомидов бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2002 ба иттиҳоми даст доштан дар чанд ҷиноят, аз ҷумла хиёнат ба ватан, барои 16 сол равонаи зиндон шуда буд. Дар чанд соли пеш сару садоҳое тариқи расонаҳо дар мавриди гирифтории ӯ ба беморӣ садо медод.

Зимнан, Абдуҷалил Ҳомидов соли 1945 дар деҳаи Исписори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Дар соли 1992 раиси вилояти Суғд таъйин шуд. Вале дар поёни соли 1993 дар пайи мухолифат бо мақомоти раҳбарии Тоҷикистон аз ин симат барканор шуд. Дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1994 вай дубора ба ин симат интихоб шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97