Эътирози рӯзноманигорон дар назди сафорати Узбакистон

Хабари хуб 10.06.2010 16:49

Даҳҳо хабарнигори тоҷик ва намояндагони созмонҳои рӯзноманигорӣ субҳи имрӯз дар назди сафорати Узбакистон дар Душанбе ба нишони эътироз аз манъи бардавоми қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҷамъ омаданд.

Тақрибан давоми як соат рӯзноманигорон бо шиору хитобаҳои "Ба блокадаи иқтисодии Тоҷикистон хотима дода шавад", "Қаторҳои Тоҷикистонро раҳо кунед", "Бадхоҳи касон ба мақсад нарасад" эътироз карданд. Талаби эътирозгарон дар мавриди вохӯрӣ бо сафир натиҷа надод.

"Пас аз ҷаласаи СҲШ биёед"

Аммо як нафар дар назди сафорати Узбакистон, ки худро муаррифӣ накардааст, ба назди эътирозгарон омада хоҳиш кард, то пас аз ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки рӯзҳои наздик дар Тошканд баргузор мешавад, ҷамъ биёянд ва он гоҳ сафири Узбакистон омода аст, бо онҳо сӯҳбат кунад. Бад-ин тартиб ин масъул бо ҳамроҳи чанд тани дигар эътирозгаронро аз назди сафорат дур карданд.

Гуфта мешавад ин аввалин эътирози ҷавонон дар кишвар мебошад. Чанде пеш ҷавонони тоҷик дар назди сафоратхонаҳои Узбакистон дар Русия, Қирғизистон ва Амрико алайҳи боздошти бесабаби қаторҳои Тоҷикистон дар роҳҳои оҳани Узбакистон эътироз намуда буданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97