Як корманди ОМОН ва ду ҳамлагар кушта шуд

Хабари хуб 10.06.2010 16:50

Бар асари амалиёти неруҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи ҳамлагарон ба посгоҳи Варзоб ду ҳамлагар ва як корманди ОМОН кушта шудааст. Гуфта мешавад, рӯзи дуюми июн бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба милиса дар посгоҳи Варзоб як корманди Вазорати корҳои дохилӣ ҷароҳат бардошт, ки ин воқеа дар минтақаи Майхура рух дода буд.

Тавре хабаргузории "Авесто", иттилоъ дода буд, кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дар чаҳорчӯби амалиёти "Кӯкнор-2010" як мошини "Опел-вектра"-ро бозмедоранд, ки дар дарунаш бар иловаи ронанда боз чанд мусофир менишастаанд. Корманди милиса ба мошин наздик шуда, ронанда ва мусофиронро хоҳиш мекунад, ки аз он берун шаванд. Дар посух яке аз мусофирон ба сӯйи милиса оташ мекушояд ва ӯро захмӣ мекунад. Баъдан, онҳо мошинро тарк карда, аз маҳалли ҳодиса ҳама фирор мекунанд. Манбаъи "Авесто" гуфтааст, аз даруни мошин як борхалта бо детонатор ва таппончаи "Валтер" бо садохомӯшкунаш дарёфт шудааст.

Сардори Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон, Маҳмадулло Асадуллоев ба "Миллат" рӯзи 2-юми июн гуфта буд, ки гурӯҳи фаврӣ-ҷустҷӯйии ВКД баъди сар задани ҳодиса ба он ҷо рафтаанд. Нерӯҳои интизомӣ маҳалли будубоши фирориёнро дарёфтаанд, ки дар он ҷо низ даргирӣ сар зад. Дар натиҷа ҷинояткорон, ки шумораашон ду нафар номида мешавад, кушта мешаванд. Як корманди ОМОН низ кушта шудааст ва як шаҳрванди оддӣ захм бардоштааст. Афсари кушташудаи ОМОН капитани 39-сола, Сафаров Тоҳир мебошад. Ҳамчунин тибқи иттилое, ки АМИТ "Ховар" пахш намудааст, ду нафар кушташуда, Умаров Абдураҳим Абдуғаффоровичи 37- сола (узви фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистон, бо иттиҳоми як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ дар кофтукови ҷиноӣ қарор дошт) ва Ваҳҳобов Абдураҳмон Абдулатиповичи 31-сола (ҳамчунин узви Ҳаракати исломии Узбакистон, дар кофтукови ҷиноӣ қарор дошт) мебошанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97