Хабари хуб

Филиали Донишгоҳи Ломоносов дар Душанбе 08.07.2010 16:36 Филиали Донишгоҳи Ломоносов дар Душанбе
Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон рӯзи 1 июл филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов ифтитоҳ ёфт.

Русия дархости Оқиловро ба баррасӣ гирифт 01.07.2010 15:35
Оқил Оқилов сарвазири кишвар зимни як нома аз ҳамтои русиягиаш Владимир Путин хостори лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ шудааст. Сарвазири Русия, Путин ба ноиби худ Игор Сечин дастур додааст, то хоҳиши мақомоти Тоҷикистон баррасӣ шавад. Ҷорӣ шудани пардохти гумрукии судури фуровардаҳои нафтии Русия аз аввали моҳи июн сабаби афзоиши нархи ....
Директори «MLT» истеъфо дод 01.07.2010 15:35
Гулмаҳмад Қаюмов, директори генералии ширкати мобилии «ТТ-мобайл», маъруф ба «МЛТ» ҳафтаи гузашта аз мақоми худ истефоъ дод. Шӯрои директорони ин ширкат истеъфои Гулмаҳмад Қаюмовро пазируфта, ба ҷойи ӯ Ҷумъа Зардаковро ба ин вазифа таъин намуд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии ширкати мазкур иттилоъ додааст.
Амрико 10 ҷосуси Русияро боздошт кард 01.07.2010 15:35
Вазорати адлияи Амрико чанд рӯз эълом кард, ки ҳалқае аз «омилҳои ғайриқонунии Русия» дар Иёлоти Муттаҳида шиносоӣ ва аксари аъзои он боздошт шудаанд. Русия иддаои ҷосус будани гурӯҳе аз шаҳрвандони ин кишвар дар Амрикоро беасос ва номуносиб хондааст.
Freedom House: Пешрафту пасрафти Тоҷикистон 01.07.2010 15:34
Созмони "Freedom House" иттилоъ пахш кардааст, ки Тоҷикистон дар риштаи бунёди ҷомеаи маданӣ ба пасрафт роҳ дода, дар озодии матбуот рушд кардааст. Дар ин гузориши "Freedom House" ҳамчунин гуфта мешавад, талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо фасод бештар зоҳириянд ва натиҷаҳои муҳим надодаанд.
Ширкати «Собир» нақби «Истиқлол»-ро тарк кард 01.07.2010 15:34
Корҳои сохтмонӣ дар нақби “Истқлол” аз ширкати “Собир” ба ширкати “Сангоб”-и Ирон таҳвил шудааст. Ин тасмим дар пайи дермонӣ дар анҷоми ин тарҳ гирифта шуда ва гуфта мешавад, ки хароҷоти сохтмони ин нақб ду маротиба бештар аз маблағи ибтидоиро ташкил додааст.
Комиссиюни давлатӣ: Фаъолияти IRS қонунист 24.06.2010 14:47
Комиссиюни махсуси ҳукумати Тоҷикистон хулоса кардааст, ки фаъолияти ширкати "IRS"мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Ниҳодҳои давлатӣ қарордоди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ин ширкатро баррасӣ карда, хулоса кардаанд, ки фаъолияти ин ширкат мухолифи қонунгузориҳои Тоҷикистон нест. Ба ин тартиб, кумиссиони давлатӣ қарор кардааст, ки мавзӯи қонунӣ будани фаъолияти "IRS" дар Тоҷикистон дигар ....
Сарбоз теғи ришгир хӯрд 24.06.2010 14:46
Сарбози қатории қисми сарҳадии 2857 минтақаи Истаравшани вилояти Суғд Ҷумъаев Мирзомиддин теғи ришгирӣ фурӯ бурд. Алҳол сарбози теғхӯр дар шифохона ёрии тиббӣ мегирад.
Номаи тоҷикони Аврупо ба Каримов 24.06.2010 14:46
Тоҷикони муқими Аврупо зимни номае ба унвони Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон хостори раҳоии вагонҳои Тоҷикистон ва беҳбуди равобит миёни Тоҷикистон ва Узбакистон шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон рафт 24.06.2010 14:45
Субҳи 23 июни соли ҷорӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 13- умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум ба Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сафар кард.
Имлои тоҷикӣ ислоҳ мешавад 24.06.2010 14:45
Додихудои Саймиддин - раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки пешнависи имлои нави забони тоҷикӣ таҳия шуда ва дар моҳи оянда ба баррасии умум пешинҳод хоҳад шуд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97