Онишенко аз раъйи худ гашт

Хабари хуб 17.06.2010 14:56

Русия қуюди маҳдуд кардани воридоти меваи хушки тоҷикиро, ки бо иттиҳоми олудаи бемории полиомелит будани он моҳе пеш ҷорӣ намуда буд, акнун аз байн бурдааст. Дар ин маврид Онишенко - раиси муассисаи «Роспотребнадзор» иттилоъ додааст.

Онишенко гуфтааст, супориш дар бораи аз байн бурдани манъи воридоти меваи хушки тоҷикӣ рӯзи 15 июн эълом шуд. «Монеа амалан рӯзи панҷшанбе аз байн бардошта мешавад», - гуфтааст Онишенко.

Таври маълум, аз рӯзи 5 май муассисаи бехатарии санитарии Русия «Роспотребнадзор» бо баҳонаи дар Тоҷикистон зуҳур намудани бемории полиомелит воридоти меваҳои хушки тоҷикиро манъ карда буд. Ба назари мутахассисони «Роспотребнадзор» меваҳои хушки Тоҷикистонро бидуни коркарди махсус ҳамчун ғизо истифода бурдан мумкин набудааст. Тавре Онишенко қайд намудааст, якуним моҳ боздошт кардани воридоти меваи хушки тоҷикӣ барои пешгирӣ намудани паҳншавии бемории полиомелит дар Русия мусоидат намудааст.

Ба ғайр аз манъи воридоти меваи хушк, «Роспотребнадзор» назорати мусофирони аз роҳи ҳавопаймо ва роҳи оҳан воридшаванда тоҷик ба Русияро қатъӣ намуда буд. Ба ҳамин тариқ кӯдакони то 6-солаи тоҷик бидуни санҷиши махсуси тиббӣ наметавонистанд вориди Русия шаванд. Тавре Онишенко гуфтааст, рӯзҳои наздик маҳдудияти ворид кардани кӯдакони то 6-солаи тоҷик ба Русия ҳам аз байн бардошта мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97