Хабари хуб

Фаттоҳ Саидов: Ниҳодҳои фасодзадаро эълом кард 05.08.2010 15:39 Фаттоҳ Саидов: Ниҳодҳои фасодзадаро эълом кард
Фаттоҳ Саидов раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин Оҷонсӣ вазорати маорифи кишварро фасодзадатарин ниҳоди ҳукуматӣ унвон кард. Фаттоҳ Саидов, раиси ин ниҳод, ба хабарнигорон гуфт, ....

Писари собиқ додситони кулли Тоҷикистон боздошт шуд 30.07.2010 15:19
Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон Файзулло Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли ин кишварро, боздошт кардаанд. Файзулло Бобохонов дар ришваситонӣ ва сғиистифода аз мақоми хидматии худ гумонбар дониста мешавад. Писари собиқ додситони кул оғози соли ҷорӣ симати додситонии ноҳияи Ҳисорро ба уҳда дошт.
Ҷарима бар ивази ҷазо 30.07.2010 15:19
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни ҶТ "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ" имзо гузошт. Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ асосан ба масоили ҷиноятҳои иқтисодӣ дахл доранд.
227 ҳодисаи гумшудани бағоҷи мусофирони тоҷик 30.07.2010 15:18
Дар нимсолаи соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе 227 ҳодисаи наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳои мусофиронро ба қайд гирифтаанд, хабар додаанд. Дар ин бора хабаргузориҳои кишвар хабар додаанд. Тавре аз КВД «Фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе» иттилоъ додаанд, то ба имрӯз 14 ҳолати ҷойдошта, мушаххас нашудааст.
Аҳолии Тоҷикистон меафзояд 30.07.2010 15:18
Кумитаи давлатии омори назди Ҳукумати Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст, шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1-уми апрели соли 2010 7 миллиону 562 ҳазор нафарро ташкил кардааст.
Директори «Заря востока» 1 716 598 сомониро аз худ кардааст 30.07.2010 15:17
Намояндаи мардумии шаҳри Табошар Абдураҳим Расулов (собиқ раиси шаҳри Қайроққум) дар давраи фаъолияти директории корхонаи воҳиди давлатии «Заря Востока» буданаш аз соли 2004 то моҳи майи соли 2010 бо сармуҳандиси корхона Абдушукур Урозбоев ва боз панҷ нафар афроди масъули корхона забон як карда, бо роҳи мураттаб сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 1 ....
Зарифӣ аз САҲА хост ёрӣ кунад 22.07.2010 17:48
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи кишварамон, аз Созмони амният ва ҳамкории Урупо хостааст, то барои ҳалли мушкили ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон мусоидат кунад.
Додари Ғаффор Мирзоев 30 сол маҳбус шуд 22.07.2010 17:47
Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи горди президенти Тоҷикистонро ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯро дар талоши барои табадуллоти давлатӣ, нигаҳдории силоҳ ва бархе дигар амалҳои ғайриқонунӣ муҷрим дониста шудааст.
5 устоди мактабҳои олӣ бо пора дастгир шуданд 22.07.2010 17:47
Ҳамасола бо оғози мавсими қабули довталабон ба макотиби олӣ дастгир шудани баъзе аз устодон аз ҷониби кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия расм шудааст. Имсол то кунун 5 нафар бо ин ҷурм боздошт шудааст.
Молиёти аксизӣ барои телефони мобилӣ 22.07.2010 17:46
Пешниҳоди роҳандозии молиёти аксизии 3 дарсадӣ барои истифода аз телефонҳои ҳам¬роҳ дар Тоҷикистон боиси норизоятии мардум ва ширкатҳои телефонӣ шудааст. Ин навъи молиётро бояд муштарӣ ё дорандаи телефанӣ ҳамроҳ пардохт кунад. Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ин иқдоми вазорати нақлиёт ва коммуникатсияро муғоир ба қавонини Тоҷикистон хондааст.
Узбакистон боз зидди «Талко» 22.07.2010 17:46
Хабаргузориҳои Узбакистон аз баргузории хамоишҳои зидди густариши корхонаи тавлиди алюминии Тоҷикистон хабар дода, навиштаанд, ки сокинони вилояти Сурхандарё ва вакилони ҳаракати муҳити зисти порлумони Узбакистон хостори баррасии байналмилалии зарари ширкати «Талко» ба вазъи сихатии сокинон шудаанд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97