Натиҷаи аудити «Барқи тоҷик» нашр шуд

Хабари хуб 10.06.2010 16:48

Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” натиҷаҳои ду тафтиши мустақили фаъолиятҳои молии ин ширкатро нашр кардааст, ки дар онҳо намунаҳое аз номутобиқатии ҳисоботи молии ширкат зикр шудааст.

Таҳқиқот каму костиҳоеро дар фаъолияти ин ширкат ошкор кардааст. Таҳқиқи фаъолиятҳои молии “Барқи Тоҷик” дар соли 2007 ва 2008-ро ширкати мустақили русии «Марка Аудит» анҷом додааст. Натиҷаи ин таҳқиқот рӯшан кардаанд, ки баъзе аз ҳисоботҳои молии “Барқи Тоҷик” мувофиқ ба меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ нест ва бинобар ҳамин наметавон, ба амалиётҳои молии ширкат баҳои дуруст дод.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузашта чандин нафар аз кормандони “Барқи Тоҷик”- ро бо иттиҳоми фасоди молӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд. Натиҷаҳои аудит дар вебсайти ширкати “Барқи Тоҷик” нашр шудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран намояндагии Санқуқи байналмилалии асъор (СБА) дар Тоҷикистон хостори нашри ин ҳисобот ва ҳамчунин натиҷаи аудити ширкати Талко шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97