Хабари хуб

Сел дар Рашт 01.04.2010 19:25 Сел дар Рашт
Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи 27 март, бар асари бориши зиёд сел ба дарёи Сурхоб дар деҳаи Самсолиқи ҷамоати Ғулмон, сангу реги зиёд сарозер шуда ва маҷрои дарёро бастааст. ....

Нигаронии Шокирҷон Ҳакимов аз мақомоти Конибодом 25.03.2010 17:03
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲСДТ ва номзади интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи Конибодом, мегӯяд, ки бо гузашти панҷ рӯз аз эъломи натоиҷи интихоботи такрорӣ мақомоти маҳаллӣ ҳамчунон ба озору азияти тарафдорони ӯ дар ин ноҳия машғуланд.
Ҷаласаи аввали порлумони Тоҷикистон 19.03.2010 21:01
Кӯҳансолтарин вакили порлумони нав, Амир Қарақулов - раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагонро ифтитоҳ кард. Тавре интизор мерафт Шукурҷон Зуҳуров бо касби орои аксарияти вакилон раиси порлумон интихоб шуд.
Мансабҳои порлумониро кӣ гирифт? 19.03.2010 21:01
Дар ҷаласаи аввали Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Раис муовинон ва раисони Кумитаву Комиссияҳои МН МО ҶТ низ интихоб шуданд.
Бонки Осиёии Рушд 74 млн доллар ёрӣ мекунад 19.03.2010 21:00
Ба гуфтаи масъулони ин ниҳоди байналмилалии молӣ, дар назар аст 40 млн. доллар барои бахши энержӣ ва 34 млн. доллари дигар барои рушди бахши хусусии Тоҷикистон масраф шавад.
Ҳодисаи табиӣ 3 нафарро кушт 19.03.2010 20:59
Бар асари резиши санг дар ноҳияи Айнӣ се нафар кушта ва 2 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, ин ҳодиса дар наздики деҳаи Пате, воқеъ дар 111 километрии роҳи Душанбе-Хуҷанд рух додааст.
Хилвате берун аз хилват 19.03.2010 20:59
Ҳафтаи гузашта дар рӯзи таҷлили матбуот барандагони ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муайян карда шуданд. Миёни барандагони ин ҷоиза журналисти варзида Хилватшоҳи Маҳмуд низ буд.
Даргузашти Муҳаммадшариф Ҳимматзода 17.03.2010 13:51
Муҳаммадшариф Ҳимматзода, роҳбари маънавӣ ва аз асосгузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ вакили порлумони Тоҷикистон бар асари бемории тӯлонӣ субҳи имрӯз ҷаҳони фониро падруд гуфт.
Тағйироти сохторӣ дар Ҳукумат 13.03.2010 19:55
Бар асоси як фармони президент дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Аз ҷумла Кумитаи давлатии омори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуданд. Инчунин ....
Маҳмадаминов вазир шуд 13.03.2010 19:55
Дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба вуҷуд омад. Аз ҷумла бо фармони президенти Тоҷикистон собиқ раиси "Амонатбонк" Маҳмадамин Маҳмадаминов вазири нави меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кишвар таъин шуд. Вай дар ин вазифа ҷойгузини Шукурҷон Зуҳуров гардид. Раҳмат Бобокалонов вазири мелориатсия ва захираҳои обии кишвар, Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали ....
Шайхи ал-Азҳар даргузашт 13.03.2010 19:54
Шайхи ал-Азҳар, Муҳаммад Сайид Тантовӣ рӯзи чаҳоршанбе, 10-уми март дар роҳи бозгашт ба Қоҳира дар фурудгоҳи байналмилалии Холиди шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар пайи хурӯҷи дарди дил вафот кард.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97