Ҳукми қотилони Замирамо ва Меҳрафрӯз содир шуд

Иҷтимоъ 23.12.2020 11:35

Бино ба иттилои Маркази матбуоти додгоҳи пойтахт, додгохи шаҳри Душанбе рӯзи 22 ҳукмро алайҳи ду сокини 28-солаи пойтахт; Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов, ки дар куштори ду духтар, ки бо бераҳмии махсус содир шудаанд, айбдор мешаванд, эълон кард.

 Ин манбаъ хабар додааст, ки «бо ҳукми суд Сафаров Дониёр Каримович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, з” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум сохтан аз озодӣ, ба муҳлати 22 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, з, п” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш махсус маҳкум карда шуданд”.

Ёдовар мешавем, ки ҷасади ду ҷавонзани бедаракшуда аз Душанбе, Ҳайдарова Замирамо ва Меҳрафрӯзи Холмирзо, ки дар пайи озори ҷинсӣ ба қатл расонда шуда будаанд, дар Варзоб чанде пеш кашф шуда буд.

Тибқи иттилои Вазорати корхои дохилии кишвар, Ҳайдарова Замирамо, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи январи соли 2018 ва Меҳрафрӯзи Холмирзо, сокини 18-солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи апрели соли равон бедарак шуда буданд. Ҷасади ҳар ду ахиран дар як ғоре дар теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо шуданд.

ВКД бо иттиҳоми қатли Замирамо ва Меҳрафрӯз сокинони шаҳри Душанбе - Дониёр Сафаров ва Раупов Саъдуллоро боздошт карда буд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Дониёр бо Замирамо робита дошта, пайваста ӯро дар заминаи рашку нофаҳмӣ латукӯб мекардааст. Ба иттилои ВУД, Сафаров ва Раупов соли 2018 Замираморо баъди латукӯб, дар бағоҷ бор карда, шабона дар ғори болои Харангон шиканҷаю озори ҷинсӣ дода, ба қатл расондаанд.

Ба иттилои ин манбаъ, ҷинояти дигарро Раупов Саъдулло, ки ба мусофирбарӣ машғул будааст, содир кардааст. Ӯ Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир савори мошини хеш карда, баъди рад кардани алоқаи ҷинсӣ латукӯб ва ба қатл расондааст. Ҷасади дуюмро низ ба ғоре бурда, ки қаблан ҷасади Замираморо дар он пинҳон карда будаанд.

 

©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97