Ирон Узбакистонро ҳушдор дод

Хабари хуб 17.06.2010 14:57

Ирон ба Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати идома додани боздошти вагонҳои Тоҷикистон, аз вуруди вагонҳои Узбакистон ба Ирон ҷилавгирӣ мекунад. Ҷониби Узбакистон посух додааст, ки боздошти вагонҳои Тоҷикистон ба далели фаннӣ сурат гирифта ва ба зудӣ рафъ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза Узбакистон аз тариқи қаламрави Ирон то 150 вагон, маъмулан бо шумули пахтаи тавлидоти худ, содир мекунад.

Беҳрӯз Баландӣ, яке аз масъулони Роҳи оҳани Ирон ба хабарнигорони тоҷик гуфт, ки ин ширкат бо ирсоли номае ба мақомоти "Узбакистон темир йӯллари" ҳушдор додааст, ки дар сурати идомаи боздошти вагонҳои Тоҷикистон транзити вагонҳои Узбакистон тавассути қаламрави Ирон маҳдуд хоҳад шуд. Ҳамчунин, ин нома ба мақомоти роҳи оҳани Туркманистон низ ирсол шуда ва аз онҳо хоста шудааст, ки вагонҳои транзитии Узбакистон ба Иронро аз 10-уми июн ба баъд қабул накунанд.

Оқои Баландӣ хабар додааст, ки як рӯз пас аз ирсоли ин нома, Акрамҷон Абдуллоев, ки муовинати аввали раиси ширкати "Узбакистон темир йӯллари"-ро бар ӯҳда дорад, дар тамос бо мақомоти роҳи оҳани Ирон гуфтааст, ки аз ин ба баъд дар мавриди вагонҳои Тоҷикистон мушкиле эҷод намешавад ва ба ин далел хостори лағви маҳдудият дар транзити вагонҳои узбакистонӣ тавассути қаламарви Ирон шудааст. Ин намояндаи роҳи оҳани Ирон хабар дод, ки бо дарназардошти оғози интиқоли вагонҳои тоҷикистонӣ аз Узбакистон, мақомоти роҳи оҳани Ирон тасмим гирифтаанд, муқаррароти маҳдудият барои вагонҳои Узбакистонро боздошт намоянд.

Беҳрӯз Баландӣ гуфтааст: "Дар равобити миёни ниҳодҳои роҳи оҳани Ирон ва Узбакистон мушкиле нест. Ин иқдом танҳо ба манзури кӯмак ба ҳалли мушкили вагонҳои кишвари бародари Тоҷикистон рӯйи даст гирифта шуда буд".

Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта президентҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ирон дар дидори ахири худ мушкилоти байни Тоҷикистону Узбакистонро низ баррасӣ кардаанд. Аз сӯйи дигар, боздошти вагонҳои тоҷикистонӣ дар Узбакистон бар раванди сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки бо ҳимояти молии давлати Ирон сохта мешавад, таъсир гузошта буд. Таъмини масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот барои ин тарҳ бо мушкил рӯбарӯ шуда буд. Гуфта мешавад, ки то чанд рӯзи қабл ҳудуди 70 вагони ҳомили колоҳо ва мавод барои ин нерӯгоҳ дар Узбакистон дар ҳоли таъвиқ қарор доштанд.

Оқои Баландӣ гуфтааст, ки ҳоло интиқоли ин вагонҳо ба Тоҷикистон шурӯъ шуда ва боз 20 вагони дигари ҳомили таҷҳизот барои сохтмони ин нерӯгоҳ аз Ирон ба Тоҷикистон раҳсипор шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Андрей Тропин, як масъули ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" (РОТ) рӯзи 17 июн дар сӯҳбат бо "Би-би-сӣ" гуфтааст, ки аз ду рӯз пеш ба ин сӯ Узбакистон ба вилояти Хатлон ҳатто як вагонро ҳам интиқол надодааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Узбакистон ҳудуди 600 вагони ҳомили колоҳо ва мавод барои вилояти Хатлон аз ҳаракат боз мондаанд. Дар маҷмӯъ, бо дарназардошти самти Душанбе, дар Узбакистон ҳаракати беш аз 1300 вагон боздошт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар дидор ва гуфтугӯйи ҳафтаи гузаштаи Президент Раҳмон бо Ислом Каримов, ҳамтои узбаки вай, дар Тошканд тавофуқ шуда буд, ки куллияи вагонҳои тоҷикистонӣ, ба ҷуз аз мавод ва колоҳои мавриди истифода барои неругоҳи "Роғун", бидуни мамониат ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Вале Андрей Тропин гуфтааст, ки баъд аз ду рӯзи ин тавофуқот бо ҷониби Узбакистон дар тамос шудааст ва онҳо гуфтаанд, ки "то ҳол барои тағйири вазъ ҳеҷ дастуре нагирифтаанд".

Аз сӯйи дигар, тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, дар дидор ва гуфтугӯйи Президент Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Ирон, мавзӯъи мусоидати ин кишвар ба ҳалли мушкили вагонҳои тоҷикистонӣ дар Узбакистон матраҳ шуда буд. Ин манобеъ гуфтаанд, ҷониби Ирон изҳор доштааст, ки аз роҳҳои дипломатӣ ба ҳалли ин қазия мусоидат хоҳад кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97