Анҷумани 12-уми ВАУ-и Осиёи Марказӣ

Хабари хуб 27.05.2010 17:24

12-умин Анҷумани ВАУ-и Осиёи Марказӣ ба ибтикори САҲА дар Душанбе тайи ду рӯз доир гардид. Дар ин ҳамоиши намояндагон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва коршиносони байналмилалӣ аз Русия, Литва, Аврупо ширкат доштанд, ки дар мавзӯи "Дастрасӣ ба иттилоот ва фанновариҳои ҷадид" табодули назар карданд.

Анҷумани ВАУ-и Осиёи Марказӣ дар ҳоле дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт, ки Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озоди матбуот, ба беҳбуди вазъи озодии матбуот дар ин кишвар таъкид дорад. Хонум Миятович, ки аввалин бор ба Тоҷикистон сафар кардааст, гуфтааст, ки ҳанӯз ҳам дастрасӣ ба манобеъи иттилоот аз мушкилоти умда дар заминаи озодии ВАО дар ин кишвар боқӣ мемонад.

Ин дар ҳолест, ки натоиҷи мониторинг ё дидбонии панҷ соли ахири Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон аз беҳбуди мавориди дастрасӣ ба манобеъи иттилоот ҳикоят дорад. Нуриддин Қаршибоев, раиси ин созмон гуфт, агар дар соли 2005 хадамоти мониторинги НАНСМИТ 115 ҳодисаи мавориди нақзи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро сабт карда бошад, ин рақам дар соли гузашта ба 26 ҳодиса расидааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97