М. Каниши: Роғун роҳи ҳалли масъала аст

Хабари хуб 03.06.2010 21:23

Тоҷикистон ҳаққи ҳаллу фасл намудани масоили таъмини бонизоми аҳолиаш бо барқро дорад, гуфтааст дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо хабаргузории «Азия-плюс» директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Мато Каниши.

М.Каниши, тавре «Азия-плюс» навиштааст, иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон оид ба таъмини бонизоми барқ ба аҳолии ҳамаи манотиқи кишварро мусбат арзёбӣ менамояд. «Масъалаи мазкур барои рушди соҳаҳои хусусии истеҳсолот ва рушди иқтисодии кишвар хеле муҳим аст. Роғун ва нақши он дар мавриди баромадани Тоҷикистон аз бӯҳрони барқ бошад як ҷузъи ҳалли ин масъалаи умда аст», - гуфтааст М.Каниши.

Ба андешаи М.Каниши, татбиқ намудани диверсификатсияи нерӯи барқ зарур аст. «Ба ин мақсад ба воситаи роҳу усулҳои мухталиф дастёб шудан мумкин аст. Ҳангоми мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ман гуфтам, ки Бонки ҷаҳонӣ ба кишвари шумо дар ҳаҷми 15 миллион доллари ИМА маблағ дода метавонад ва ба ҳукумати кишваратон пешниҳод намудам, ки худаш низ ҳамин миқдор маблағ ҷудо кунад. Инчунин фонде таъсис додан мумкин аст, ки маблағҳояшро барои харидани асбобҳои барқистеҳсолкунӣ аз тоҷирони хусусӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар Тоҷикистон чунин тоҷирон ҳастанд, вале масъалаи пардохт аксар вақт барои аҳолии камбизоат мушкилот эҷод менамояд», - қайд кардааст М.Каниши.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97