Узбакистон - устухон дар гулӯи Тоҷикистону Афғонистон

Хабари хуб 10.06.2010 16:49

Беш аз 3,5 ҳазор бушкаи маҳсулоти нафти барои Афғонистон пешбинишуда дар роҳи оҳани ҳудуди Ӯзбакистон боздошт шудааст, гуфт вазири савдо ва саноати Афғонистон Ғулом Муҳаммад Элакӣ рӯзи 3 июн дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул.

Вазири афғон бесабаб дар ҳудуди кишвари ҳамсоя нигоҳ дошта шудани вагонҳоро зикр намуд, дар баробари ин аз соҳибкорони афғон изҳори норозигӣ намудааст, ки барои то маҳалли худ овардани бору колояшон ягон иқдом намекунанд.

"Ӯзбакистон тронзити борҳоро муҳосира намуда, боҷҳои гумрукиро баланд бардошт, барои хариди маҳсулоти нафтӣ дар ҳудуди худаш ба мо монеа эҷод мекунад, ки ҳамаи ин масоили аз доираи ваколати мо берун аст", гуфтааст Элакӣ.

Тавре шабакаи телевизиони "Ориёно-ТВ" хабар додаст, ҳар рӯз аз бандари Ҳайратон ба кишвар 15-20 адад бушкаҳои маҳсулоти нафт вориди Афғонистон мешавад, вале пештар аз ҳамин бандар рӯзе 120-150 систерна ворид мешуд. Гуфта мешавад, ки дар ҳудуди Ӯзбакистон беш аз 2 ҳазор вагони ҳомили бору коло барои Тоҷикистон низ бесабаб нигоҳ дошта мешавад, аз ҷумла, тавре сардори бахши боркашонии муассисаи Роҳи оҳани Тоҷикистон А.Торопин гуфтааст, аз он ҷумла 100 вагон барои Афғонистон пешбинӣ шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97