Лаҳаддузди хуҷандӣ дастгир шуд

Хабари хуб 17.06.2010 14:56

Дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби мақомоти қудратии шаҳр дузди 39-солае дастгир шуд, ки ба ғорат намудани лаҳади одамон айбдор дониста мешавад.

Нафари дастгиршударо бо он айбдор медонанд, ки ӯ бо нияти канда гирифтани дандонҳои тиллоии мурдаҳо лаҳади одамонро мекандааст. Тавре гуфта мешавад, нафари дастгиршуда бори дуюм бо ҳамин гуноҳ боздошт шудааст.

Тавре дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфтаанд, моҳи май ҳам ҳамин хел дуздӣ рӯй дода буд. Мақомоти қудратӣ аз болои ин кор парвандаи ҷиноятии "Таҳқири мурда ва маҳалли гӯрондани онҳо" оғоз намуда буд.

Гуфта мешавад, воқеаи мазкур дар вилояти Суғд ягона нест. Моҳҳои май-июни соли 2009 ҳам чунин дуздӣ ба қайд гирифта шуда, гунаҳкорон дастгир ва бо қарори суд ҷазо дода шуда буданд. Яке аз дастгиршудагони соли гузашта ҳамон нафарест, ки моҳи июни соли 2010 дубора дастгир шудааст.

Муфаттишон тахмин мекунанд, ки лаҳаддуздон маҳалли дуздиашонро аз рӯйи нишонаҳои зоҳирии гӯр муқаррар менамудаанд. Тибқи назари дигар, ба дуздон, эҳтимол, сокинони дигари шаҳр, ки дар бораи дандони тилло доштани мурдагон огоҳанд, кӯмак расонанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97