Хабари хуб

Духтари Эмомалӣ Раҳмон ровии шабакаи аввал 15.07.2010 15:42 Духтари Эмомалӣ Раҳмон ровии шабакаи аввал
Зарина Раҳмонова, яке аз нуҳ фарзанди президент Эмомалӣ Раҳмон, ба унвони гӯяндаи телевизион ахбори инглисии «Шабакаи аввал»-и телевизони давлатии Тоҷикистонро хонд.

Ғайбзании асроромези Мусаллам Анваров 15.07.2010 15:36
Мудири шӯъбаи саноъат, нақлиёт ва кишоварзии ҳукумати вилояти Бадахшон Мусаллам Анваров, ки рӯзҳои ҷашни Ваҳдат дар ноҳияи Дарвоз қарор доштааст, ба таври асроромез ғайб задааст.
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Роза Отунбоева 08.07.2010 16:40
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар чорчӯби ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узви Анҷумани Иқтисодии Уруосиё дар Остона бо Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури муваққати Қирғизистон, дидору гуфтугӯ кардааст.
Писарони Мирзо Зиёев зиндонӣ шуданд 08.07.2010 16:40
Додгоҳи Олии Тоҷикистон Муҳаммадризо Зиёев ва Сайидаҳмад Зиёев, писарони Мирзо Зиёев, фармондеҳи кулли собиқ ИНОТ ва вазири пешини ҳолатҳои фавқулоддаро дар нооромиҳои тобистони гузаштаи шарқи кишвар гунаҳкор дониста, ба мӯҳлати 28 ва 30 сол маҳкум ба зиндон кардааст.
Бо айби «ТоҷикАйр» парвозҳо ба таъхир афтод 08.07.2010 16:40
Рӯзи 7 июл парвози ҳавопаймоҳо аз фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба сӯйи шаҳрҳои Санкт- Петербург, Маскав ва Хуҷанд ба таъхир афтодааст. Дар фурӯдгоҳи Душанбе теъдоди зиёди мусофирон интизори парвозанд.
Бонки ҷаҳонӣ беш аз 25 миллион доллар дод. камбағалӣ рафъ мешавад? 08.07.2010 16:39
Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, барои коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон 25,4 миллион доллар ба кишвар кӯмак кунад. Созишномаи кӯмакро раҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Мото Канишӣ ва вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов рӯзи 7 июл дар Душанбе имзо карданд.
70 млн доллари УруОсиё барои Тоҷикистон 08.07.2010 16:39
Сарони кишварҳои узви ҷомеаи ҳамкории иқтисодии УруОсиё зимни нишасти ахири худ дар шаҳри Остона, дар мавриди ихтисоси 70 миллион доллар қарзи боимтиёз барои Тоҷикистон мувофиқат кардаанд.
Сафири Амрико мақбараи Хоҷа Машҳадро барқарор кард 08.07.2010 16:38
Рӯзи 6 июл яке аз ёдгориҳои қадимитарини фарҳангии Тоҷикистон мақбараи Хоҷа Машҳад, ки дар ноҳияи Шаҳритус воқеъ аст, дарҳояшро ба рӯйи аввалин зиёраткунандагон боз кард.
200 млн доллар «капитали мурдаи» Роғун 08.07.2010 16:38
Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон омода нестанд, ки ҳудуди 200 миллион доллари ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба даст оварда, ба муомилот бигузоранд. Ин дар ҳолест, ки бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон барои ғанисозии сандуқи қарздиҳии худ аз бонкҳои хориҷӣ ва Бонки миллӣ қарз мегиранд.
Ду тазоҳуроти эътрозӣ бар зидди «ТАЛКО» дар Узбакистон 08.07.2010 16:37
Бино ба иттилои хабаргузории Регнум, дар Узбакистон тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди корхонаи алюмини Тоҷикистон дубора оғоз шудааст.
СММ Оҷонси ҳимоят аз занон таъсис дод 08.07.2010 16:37
Оҷонси вижае дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз ҳуқуқи занону духтарон дар ҷаҳон таъсис ёфт. Баҳсу гуфтугӯҳо дар бораи зарурати таъсиси чунин як ниҳод дар дохили ин созмони байналмилалӣ тайи чаҳор соли гузашта идома дошт.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97