Хабари хуб

Боз як тоҷикро дар Русия куштанд 27.05.2010 17:23 Боз як тоҷикро дар Русия куштанд
Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия, дар истинод ба манобеъи ниҳодҳои интизомии Русия гузориш кардааст, ки пулиси шаҳри Макав дар шимолу ғарби ин шаҳр ҷасади як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистонро пайдо кардааст.

Ҳамоиши тоҷирони кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ 20.05.2010 19:50
Ҳамоиши тоҷирони кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ бо қироати сурае аз Қуръон дар бустонсарои ҳукуматии "Пуғуз" оғоз шуд. Сипас, Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон аз дастовардҳои Тоҷикистон дар заминаи тавсеаи бахши хусусӣ сухан гуфт.
Талаби товони хисорот 20.05.2010 19:49
Ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон", ки мутаъалиқ ба ширкати "Газпромнефт"-и Русия аст, гуфтааст, аз Узбакистон барои мутаваққиф кардани вагонҳояш ҷуброни хисорат талаб мекунад.
"Тоҷиктелеком" иртиботашро бо "Билайн" баст 20.05.2010 19:49
Ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" хатти иртибот аз тариқи телефонҳои симӣ ба ширкати "Таком"-ро қатъ кардааст.
IRS ғайриқонунӣ маблағ меғундорад? 06.05.2010 15:50
Ширкати "Innovative Road Solutions" ("IRS") аз 1 майи соли ҷорӣ барои истифода аз роҳи "Душанбе-Чаноқ" ба таври ғайриқонунӣ маблағ меситонад. Дар ин бора Амонулло Ашӯр, раиси идораи зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон рӯзи 4 май итилоъ додааст.
Мактаб 12 - сола мешавад 06.05.2010 15:50
Порлумони Тоҷикистон муқарраротеро тасвиб кард, ки тибқи он аз соли 2015 гузаштан ба таҳсилоти миёнаи 12-сола оғоз мешавад. Дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон, ки рӯзи 28 апрел доир шуд, пешниҳоди вазорати маориф дар мавриди ислоҳи Қонуни маорифи Тоҷикистон мавриди баррасии намояндагон қарор гирифт.
Русия меваҳои хушки моро қабул намекунад 06.05.2010 15:49
Русия воридоти меваи хушк аз Тоҷикистонро мамнӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ки ин тасмим ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди вируси бемории фалаҷи кӯдакон, ки он дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст, гирифта шудааст.
Тоҷикистону Эрон аз баҳри раводид мегузаранд 06.05.2010 15:49
Ҷониби Ирон пешниҳод кардааст, ки низоми раводид бо Тоҷикистон лағв шавад.
Алимардонов ба Узбакистон меравад 22.04.2010 14:50
Тибқи иттилои вазорати хориҷаи кишварамон, ҳоло беш аз ду ҳазор вагони бори Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон дар банд ҳастанд. Муовини вазири хориҷа, Абдулло Юлдошев дар як нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки қарор аст комиссияи масоили иқтисодӣ таҳти сарпарастии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар наздиктарин фурсат ба Тошканд, пойтахти Узбакистон биравад.
Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар тарҳи "Роғун" 22.04.2010 14:50
Тибқи тавофуқи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, то анҷоми бозрасии техникӣ, молӣ ва экологии тарҳи "Роғун" танҳо анҷоми корҳои бозсозӣ дар ин тарҳ мумкин аст. Ҳайате аз коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба манзури назорати корҳои бозсозӣ вориди маҳалли нерӯгоҳи "Роғун" шудаанд.
Пули СССР доштед, аз "Амонатбонк" пас бигиред! 22.04.2010 14:49
Дар замони Шӯравӣ беш аз як миллиону 600 ҳазор нафар дар Тоҷикистон дар "Амонатбонк" маблағ пасандоз кардаанд. Бонки давлатии "Амонатбонк" эълом кардааст, ки нафароне, ки дар замони Шӯравӣ дар ин бонк пул пасандоз карда буданд, ҳар вақт ки хоҳанд, метавонанд пулҳояшонро бозпас бигиранд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97