Боз як сарбоз кушта шуд

Хабари хуб 03.06.2010 21:23

30-юми майи соли равон дар дидбонгоҳи марзии Янгиқурғони марзи Табошари вилояти Суғд аскари қаторӣ, Ортиқов Акбар Ашӯрович, зодаи нохияи Турсунзода аз тири силоҳи оташфишон ҳалок гардид. Назар ба маълумоти манбаи расмӣ, сарбоз ба худкушӣ даст задааст. Аммо манбаи мӯътамад, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, хабар дод, ки фоҷиа бар асари муноқишаи сарбозон рух задааст.

Соати 12-и рӯзи 30-юми май сарбози собиқавақт-"бобо" Ортиқов Акбар ба сарбоз -"набера" амри хидмат мекунад. Аммо сарбози навхидмат Назаров Дилшод Худоназарович-зодаи ноҳияи Данғара аз хидмат саркашӣ мекунад. Дар набарди тан ба тан сарбоз Назаров аз силоҳи оташфишон истифода намуд. Дар натиҷа сарбоз Ортиқов аз захми тир ба ҳалокат мерасад. Алҳол Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Коршиносон ва корафтодагони марз ин ҳодисаро бенизомии ҳарбӣ дар марз, авҷи истисмори навхидматон, бемасъулиятии сардорони ҷузъу томҳои марзӣ арзёбӣ мекунанд. Аз оғози сол ин дувумин ҳодисаи халокати марзбонон аст. Фоҷиа пас аз як рӯзи ҷашни иди касбӣ ва 5 рӯз баъди мақолаи танқидии Латиф Кабиров дар сомонаи "Сентразиа" ба вуқуъ пайваст. Рӯзноманигор ва коршинос Латиф Кабиров мақомоти роҳбарии Қушунҳои сарҳадиро барои бенизомӣ, интизоми сусти ҳарбӣ, бемасъулиятии марзбонӣ, шароити тоқатфарсои хидмат дар сарҳад аламовар мазаммат намудааст. Аммо роҳбарияти Қушунҳои сарҳадӣ танқиди рӯзноманигорро рад намуданд. Вале ҳалокати ҷавони нуздаҳсола ва гунаҳкори 20-соларо касе инкор карда наметавонад.

Асрор Зайнур, махсус барои "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97