Хабари хуб

Кашфи маводи мухаддир дар Суғд 20.10.2010 10:16 Кашфи маводи мухаддир дар Суғд
Ба ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯи фаврии ҷиноят дар Хуҷанд маводи мухаддири «ҳашиш» кашф ва мусодира шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи кишвар ба «Миллат» дар ин маврид хабар дода афзуд, ки дар ҳудуди ....

Кашфи маводи мухаддир дар Cуғд 14.10.2010 13:13
Ба ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯи фаврии ҷиноят дар Хуҷанд маводи мухаддири «ҳашиш» кашф ва мусодира шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи кишвар ба «Миллат» дар ин маврид хабар дода афзуд, ки дар ҳудуди маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯйи фаврии ҷиноят аз шаҳрванд Қурбонов Нурмуҳаммад Неъмонович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи ....
Деҳқон, Худо ба ту додаст, арзон нафурӯш! 14.10.2010 10:46
Мардум бояд огоҳ бошанд, ки имрӯз дар дохили кишвар нархи як тонна пахтаи хоми навъи миёнанах 847доллару 39 cентро аст. Ин дар ҳолест, ки имрӯз хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон ҳосили заҳмати хешро ба қиммати 750 доллар мефурӯшанд. Дар ин бора сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Саъдулло Бекназаров иттилоъ дод. Мавсуф иброз ....
Об захира кунед! 13.10.2010 11:36
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшиданӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Кофарниҳон», «Худҷореъ», «Фишорӣ» ва «Ҷануби Ғарбӣ» бо мақсади омода намудани истгоҳҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 муваққатан қатъ мешавад. Дар ҷараёни таъмир ва васлкунии таҷҳизот интиқоли оби нӯшиданӣ дар истгоҳҳои обтозакунии «Кофарнихон»: - ноҳияи Фирдавсӣ; маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская 1,2, ....
Муллобачаҳо ғайриқонунӣ таҳсил кардаанд 08.10.2010 14:06
     Масъулини шӯъбаи корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зимни гузаронидани санҷиш дар масҷидҳои ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ошкор кардаанд, ки дар як масҷид 20 нафар наврасон ғайрирасмӣ ба таълимоти динӣ фаро гирифта шудаанд.
Суқути чархбол беш аз 20 нафар кушта додааст 06.10.2010 19:22
Бино ба хабари бархе аз манбаъҳо, як чархболи Горди миллии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт суқут кардааст. Гуфта мешавад беш аз 20 нафар сарнишин ҷони худро аз даст доданд ва чаҳор корманди дигари техникӣ низ маҷрӯҳ ва ба бемористон мунтақил шудаанд. Қаблан гузориш шуда буд, ки, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи 6 ....
Аллайҳи генерал Ғаффоров парванда боз нашудааст 05.10.2010 07:48
    Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабари боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ муновини аввали Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал-майор Қосимҷон Ғаффоровро рад кард.
Гумонбарон дар таркиши Хуҷанд боздошт шуданд 22.09.2010 16:39
Бахши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо пахши як баёния гуфтааст, ки дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ рўзи 12 сентябр се нафар мутаҳҳам дар инфиҷори Хуҷанд боздошт шудаанд.
Дар Рашт шабгардӣ манъ шуд 22.09.2010 16:24
Сокинони ноҳияи Рашт мегўянд, мақомот ба онҳо дастур додаанд, ки аз соати ҳашти шаб то соати шаши субҳ дар ҷодаҳо гаштугузор накунанд. Гуфта мешавад, ин иқдом ба манзури таъмини амнияти сокинон сурат гирифтааст. ҲНИТ зимни баёнияе авзоро ҳассос ва тақдирсоз унвон карда ва аз пайравони худ хостори ҳушмандӣ шудааст.
Искандаровро дар Урупо муҳокима мекунанд 22.09.2010 16:18
Интизор меравад, Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо 23 сентябр баррасии қазияи Маҳмадрўзӣ Искандаровро оғоз кунад. Вай соли 2005 ба сурати асроромез дар Русия нопадид шуд ва сипас мақомоти Тоҷикистон аз боздошти вай дар фурўдгоҳи Душанбе хабар доданд.
Оғози таблиғоти густарда алайҳи зуком 07.09.2010 19:08
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ба таблиғоти густардае дар заминаи ҷилавгирӣ аз бемории зуком (грипп) оғоз кардаанд. Гуфта мешавад дар ҷараёни ин таблиғот аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ барои ташвиқи мардум ба ҳифзи беҳдорӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши зуком дар Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Ба гуфтаи ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97