Узбакистон дар Душанбе алайҳи Роғун садо баланд кард

Хабари хуб 10.06.2010 16:50

Конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» рӯзи 8- июн дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд, ки ду рӯз давом мекунад. Дар кори Конфронс тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ доданд, намояндагони баландмақоми беш аз 70 кишвари олам ва 20 сохтори тобеи созмонҳои байналмилалии СММ, САҲА, ЮНЕСКО ва ғайра ширкат варзиданд.

Ширкаткунандагони ҳамоиши баландпоя дар тӯли се рӯз масоили ҳамкориҳо оид ба обҳои фаромарзӣ, мутобиқшавӣ ба табдилёбии иқлими сайёра, кам кардани хатарҳои офатҳои табиӣ, ба таври дастаҷамъона ҳаллу фасл намудани масоили манбаъҳои обро баррасӣ карданд.

Президенти Тоҷикистон дар ин конфронс зимни сухаронӣ изҳор кард, ки баъзе давлатҳои минтақа ҳақиқати ҳолро таҳриф карда, талош мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро аз сабабҳои аслии рух додани фоҷиаи баҳри Арал дур кунанд. Эмолмалӣ Раҳмон зикр кард, сабаби аслии хушкидани Арал истифодаи харобкорна ва ғайри оқилонаи манобеи обӣ аз сӯи кишварҳои минтақа мебошад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, маънидоди яктарафаи далелу рақамҳои мавҷуда ба манфиати ҳалли проблема намебошад. Самараи ҷидду ҷаҳди наҷот додани баҳри Арал, пеш аз ҳама, ба дарки аниқу дурусти ҳақиқати ҳол ва амалӣ сохтани тадбирҳои мушаххас вобаста мебошад. Аммо дар ҳамин ҳол намояндаи Узбакистон - Галина Саидова, муовини вазири иқтисоди Узбакистон, зимни суханронӣ дар ин конфронс дар шаҳри Душанбе гуфт, Узбакистон мухолифи сохтмони неругоҳи Роғун аст, зеро барномаи сохтмони ин неругоҳ дар замони Шӯравӣ тарҳрезӣ шудааст. Муовини вазири иқтисоди Узбакистон, ки ин кишварро дар конфронси байналмилалӣ дар Душанбе намояндагӣ мекунад, ҳамзамон иброз дошт, ки Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳҳои кӯчак дар Тоҷикистон зид нест.

Маҳмуди Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии исломии Ирон дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе гуфт, дар ҷаҳони муосир масрафи воқеии об нисбат ба ниёзи мардум ба маротиб бештар аст ва бояд аз масрафи беш аз ҳадди об ҷилавгирӣ кард. Раисиҷумҳури Ирон таъкид кард, ки масъалаи оби ошомиданӣ дар даҳсолаи оянда яке аз масъалаҳои мубрам ва пурчолиш дар ҷаҳон хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир бо вуҷуди захираҳои кофии об дар ҷаҳон теъдоди қобили мулоҳизаи аҳолии сайёра аз норасоии об ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд.

Вай гуфт, Ирон бо истифода аз технологияи муосир дар масъалаи поксозӣ, ҳифз ва масрафи дурусти об муваффақ шудааст ва омодааст таҷрибаи худро ба дигар кишварҳо пешкаш кунад. Аз рӯйи натиҷаҳои кори конфронс эъломия қабул мегардад, ки он ба Ассамблеяи кулли 65 СММ, ки моҳи сентябр бояд барпо шавад, пешниҳод мегардад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97