Хабари хуб

Нархи истифодаи об дар Душанбе боло бурда шуд 13.03.2010 19:54 Нархи истифодаи об дар Душанбе боло бурда шуд
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи истифодаи об барои сокинони шаҳри Душанберо зиёд кард. Сардори шӯъбаи фурӯши обу корезии шаҳри Душанбе Мирзомурод Убайдов ба хабарнигорон гуфтааст, ки аз 1 - ....

Созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори мустақил 26.02.2010 16:33
Дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии ТҶ "Иттилоот ва муошират" дар мавзӯи "Дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо баҳри рушди васоити ахбори мустақили Тоҷикистон" мизи гирд баргузор гашт.
Нигаронӣ аз таъқиби рӯзноманигорон 26.02.2010 16:32
Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон дар як баёнияи муштарак аз Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон хостаанд, ки ҳолатҳои таъқибу озори ду рӯзноманигорро мавриди баррасиву таҳқиқ қарор диҳанд.
Низоми андозбандӣ дигар мешавад 19.02.2010 22:20
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар низоми андозбандӣ таҷдиди назар кунад. Ба ин манзур корҳое дар сатҳи ҳукумат дар ҳоли анҷом шудан аст.
Кашидани хатти барқ ба Афғонистон шурӯъ шуд 19.02.2010 22:20
Муҳаммад Исмоилхон, вазири обу энержии Афғонистон мегӯяд, тарҳи ҷадиди кашидани хутути интиқоли нерӯи барқ дар шимоли Афғонистон ба манзури интиқоли энержӣ аз Тоҷикистон оғоз шуд.
12 узви ҳизби Таҳрир зиндонӣ шуданд 19.02.2010 22:19
Додгоҳи шаҳри Душанбе 12 узви ҳизби Таҳрирро аз 8 то ба 14 сол равонаи зиндон кард. Дар миёни ин афрод як хонандаи мактаби миёна низ барои се соли зиндон муҷозот шудааст. Ҳамчунин, ду шаҳрванди Узбакистон низ узви ҳизби Таҳрир будаанд, барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.
Нигаронии ҲНИТ аз маъракаи интихоботӣ 19.02.2010 22:19
ҲНИТ рӯзи 15 феврал бо пахши як баёния аз нақзи қонуни интихобот аз сӯи мақомотҳои маҳалӣ интиқод кард. Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ омадааст, аз рух додани ҳолатҳои қонуншикании ошкор ва фишору таъқиботи намояндагони ҲНИТ дар маҳалҳо сахт нигарон аст ва чунин ҳолат метавонад ба натиҷаи интихобот таъсири манфӣ расонад. ....
Раддия ба раиси ҲСДТ 19.02.2010 22:18
15-уми феврал номзад ба вакилии МН МОҶТ аз ҳавзаи якмандатии Сино №4 ҷаноби Зойиров Р.Х ба ҳавзаи интихоботии Сино №4 барои додани баёноти расмӣ оид ба гуфтаҳои беасосаш дар нишасти матбуотӣ нисбати фаъолияти ҳавзаи номбаршуда даъват карда шуд.
Мизи гирди ҳомиёни воқеии бонувон 11.02.2010 16:41
Рӯзи 4 феврал дар шаҳри Маскави Федератсия Русия маҳфили муаррифии созмони навтаъсиси "Ассотсиатсияи байналмилалии бонувони муҳоҷир", ки дар моҳи январи имсол дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст, баргузор гардид.
Тасмим тағйир нахоҳад хӯрд 11.02.2010 16:39
Оқил Оқилов сарвазири Тоҷикистон дар посух ба Шавкат Мирзиёев сарвазири Узбакистон дар мавриди нигарониҳои Узбакистон аз сохтмони НБО-и Роғун гуфтааст, Тоҷикистон тасмими худро тағйир нахоҳад дод. Номаи ҷавобии сарвазири Тоҷикистон бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳур рӯзи шанбе ба сарвазири Узбакистон ирсол шудааст.
ҲСДТ аз нақзи қонуни интихобот шикоят дорад 11.02.2010 16:39
Масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар корзори интихоботии ин ҳизб аз 15 ҳодисаи нақзи қонуни интихобот шикоят карданд. Рӯзи душанбе, дар нишасти хабарӣ Раҳматило Зоиров, раҳбари ин ҳизб гуфт, ки бо вуҷуди замонати раиси ҷумҳур дар мавриди баргузории интихоботи шаффоф ва озод мавриди зиёди нақзи қонуни интихобот аз сӯи масъулони қомиссияҳои ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97