Таркиши газ дар Айнӣ

Хабари хуб 17.06.2010 14:56

Бар асари таркиши гази моеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд як нафар ҳалок гардида, 15 кас ҷароҳат бардоштаанд ва се хонаи истиқоматӣ оташ гирифтааст. Дар ин бора ба хабаргузориҳо Маркази матбуотии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки ин ҳодиса 14-уми июн рӯх додааст.

Ҳамчунин ин манбаъ гуфтааст, ки ин ҳодиса соатҳои тахминан 22:15 дақиқа дар натиҷаи таркиши гази моеъ дар деҳаи Хушекати ин ноҳия рух додааст. Мошини газкашон ба садама дучор гардидааст, ки дар мавзеи деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ таркидааст ва дар натиҷаи он се хонаи истиқоматии шаҳрвандони деҳаи мазкур дар масоҳати 125 метри мурабааъ оташ гирифта, қисман сӯхтаанд. Мошини мазкур мансуб ба ширкати «Фароз»-и шаҳри Душанбе мебошад.

Гуфта мешавад, ронандаи мошин Отамурод Ғуломов, сокини ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон аз мошин худро ҳаво дода, фавтидааст. Дар натиҷаи сар задани сӯхтор 15 нафар ҷароҳат бардошта, баданашон аз 5 то 60 фоиз сӯхтааст. Ҷароҳатгирифтагон дар беморхонаи ноҳияи Айнӣ бистарӣ шудаанд. Миқдори зарари аз сӯхтор расида то ҳол муайян нашудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97