Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар тарҳи "Роғун"

Хабари хуб 22.04.2010 14:50

Тибқи тавофуқи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, то анҷоми бозрасии техникӣ, молӣ ва экологии тарҳи "Роғун" танҳо анҷоми корҳои бозсозӣ дар ин тарҳ мумкин аст. Ҳайате аз коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба манзури назорати корҳои бозсозӣ вориди маҳалли нерӯгоҳи "Роғун" шудаанд.

Ин ҳайъат бояд раванди корҳои бозсозӣ дар "Роғун"-ро бозрасӣ ва шароитро барои эъломи музояда ба манзури интихоби ширкате, ки бозрасии фаннӣ, молӣ ва экологии ин тарҳро анҷом медиҳад, фароҳам созад.

Масъулони дафтари намояндангии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз ироаи ҷузъиёти ин мавзӯъ худдорӣ карданд, аммо як манбаъ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст ба Би-Би-Си хабари вуруди ин ҳайъат ба Душанберо таъйид кардааст ва афзудааст, ки рӯзи сешанбеи 20 апрел онҳо вориди маҳалли нерӯгоҳи "Роғун" шуданд.

Манобеъи Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон низ дар ин замина изҳори беиттилоӣ карданд.

Ин дар ҳолест ки моҳи гузашта Филипп ле Уэйру, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ, дар номае унвонии Ҳукумати Узбакистон хабар дода буд, ки чунин як ҳайъате аз 20 то 27 апрел ба Тоҷикистон мераванд.

Дар ин нома ҳадафи сафари ин ҳайъат ба Тоҷикистон назорат бар раванди корҳои бозсозӣ дар маҳалли нерӯгоҳи "Роғун" унвон шуда буд. Ҳамчунин, қарор буд, дар моҳи апрел ин мақоми Бонки Ҷаҳонӣ шахсан аз кишварҳои минтақа боздид карда ва бо раҳбарони он мавзӯъи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро баррасӣ кунад.

Давлати Тоҷикистон интизор дорад, ки бозрасии байналмилалии тарҳи "Роғун" мақомоти кишварҳои поёнобро ба бехатарии иҷрои ин тарҳ мутақоид созад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97