Ҳамоиши тоҷирони кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ

Хабари хуб 20.05.2010 19:50

Ҳамоиши тоҷирони кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ бо қироати сурае аз Қуръон дар бустонсарои ҳукуматии "Пуғуз" оғоз шуд. Сипас, Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон аз дастовардҳои Тоҷикистон дар заминаи тавсеаи бахши хусусӣ сухан гуфт.

Ӯ гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз сӯйи сармоягузорони хориҷӣ тарҳҳое ба маблағи ҳудуди 2 млрд. доллар мавриди иҷро қарор гирифтаанд, ки нишонаи тавваҷӯҳи давлат ба бахши хусусист.

Оқои Саидов гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба манзури ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ҳудуди чиҳил намуди имтиёзотеро барои сармоягузорон фароҳам кардааст.

Аз ҷумла, сармоягузорони бахши энержӣ ва нассоҷӣ аз пардохти нӯҳ намуди анзоз ва таърифаҳои гумрукӣ озод ҳастанд.

Дар ин ҳамоиши тоҷирони кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ 250 нафар аз бозаргонон ва соҳибкорон аз 40 кишвари узви ин созмон ширкат карданд.

Вале мушоҳида мешуд, ки теъдоди намояндагони хориҷӣ дар ин нишаст бамаротиб камтар аз тоҷирони тоҷик аст. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир давлати Тоҷикистон барои ҷалби таваҳҷӯҳи сармоядорони кишварҳои исломӣ талошҳое ба харҷ дода, вале ба эътиқоди иқтисоддонҳо, то ҳол чандон муваффақ набудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97