Эътирози дубораи осебдидагони Кӯлоб

Хабари хуб 20.05.2010 19:50

Беш аз 60 тан аз сокинони маҳаллаи Нонбои Поён-и шаҳри Кӯлоб, назди истгоҳи мусофиркашонӣ бо нишони эътироз гирдиҳам омаданд. Ба гуфтаи эътирозгарон, онҳо се рӯз боз Муродалӣ Алимардон, сардори ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Кӯлобро ҷустуҷӯ мекунанд, аммо ӯ ба зарардидагон сӯҳбат намекунад.

Нурулло Қодиров, як эътирозгар, мегӯяд, аз рӯзи сар задании офати табиӣ Алимардон бо онҳо вонахӯрдааст. Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигор ва як тан аз зарардидагон, мегӯяд, аслан масъулони маҳаллӣ ба ҷои кӯмак омада, миёни мардум иғво меандозанд. Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз пеш Озодӣ Ҳасанов, сармеъмори шаҳр, гуфтааст, зарардидагонро ба берун аз шаҳр кӯчонида, дар ҷои хонаҳои онҳо хонаҳои баландошёна ва дӯконҳои савдо месозанд.

Каримов Холаҳмад, сокини дигари ин маҳалла, гуфтааст, ки нахуст, масъулин гуфтанд, ки онҳоеро аз ин маҳал мекӯчонанд, ки то 30 метр дур аз соҳил зиндагӣ мекунанд, аммо ҳоло тасмим гирифтаанд, то тамоми ин маҳалларо ба берун аз шаҳр кӯч бидиҳанд.

Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кӯлоб, ба назди эътирозгарон ҳозир шудааст, аммо суолоти зиёди онҳоро бепосух гузошта, аз ин маҳали эътироз бадар рафтааст. Аммо сокинон ҳушдор доданд, ки дар сурати ҳозир нашудани Алимардон ва дигар масъулин ба наздашон онҳо фардо назди ҳукумат бо теъдоди бештар боз ба эътироз даст хоҳанд зад.

Ба гуфтаи эътирозгарон, онҳо борҳо ба дафтари кории ситод, воқеъ дар бинои ҳукумати Кӯлоб, ҳозир шудаанд, вале ба шикояти онҳо дар мавриди Алимардон танҳо шунидаанд, ки Алимардон "бачаи хуб" аст, ва аз ӯ набояд шиква кард.

Гуфта мешавад аз замони ба вуқӯъ пайвастани офати табиӣ ин бори дуввум аст, ки мардум даст ба эътироз мезананд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97