Тоҷикистону Эрон аз баҳри раводид мегузаранд

Хабари хуб 06.05.2010 15:49

Ҷониби Ирон пешниҳод кардааст, ки низоми раводид бо Тоҷикистон лағв шавад.

Ин матлаб дар музокироти миёни мақомоти Тоҷикистон ва Ирон дар бахши консулгарӣ, ки дар Душанбе оғоз шуда, матраҳ мешавад. Аммо ҷониби Ирон мегӯяд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз барои қабули ин пешниҳод барои лағви низоми раводид изҳори омодагӣ накардааст.

Ҳасан Қашқовӣ, муовини вазири хориҷаи Ирон дар бахши консулгарӣ, маҷлис ва ирониёни бурунмарзӣ, ки шоми рӯзии 4 май вориди Душанбе шудааст, имрӯз бо Руқия Қурбонова, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дидор ва гуфтугӯ доштааст. Ҳамчунин қарор аст ҷаноби Қашқовӣ бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, дидор ва гуфтугӯ кунад. Сафири Ирон дар Тоҷикистон низ гуфтааст, ки ҷониби Ирон дар ин музокирот пешниҳод дорад, ки низоми раводид миёни ду кишвар комилан лағв шавад. Вале ба гуфтаи ӯ, ҷониби Тоҷикистон то ҳол барои қабули ин пешниҳод изҳори омодагӣ накардааст. Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, хабари пешниҳоди лағви муқаррароти раводид миёни Ирон ва Тоҷикистон аз сӯйи Иронро таъйид кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97