Имзои Созишномаи Тоҷикистон ирон дар арсаи истирдод

Хабари хуб 27.05.2010 17:22

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои як қатор қонун ва Созишномаҳоро баррасӣ карданд.

Тавре аз хадамоти матбуотии Маҷлиси Намояндагон ба "Миллат" хабар доданд, дар ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010", "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Ирон оид ба истирдод, Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ошкор намудан ва бастани роҳҳои воридшавии шахсони фаъолияти террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ алоқаманд ба қаламрави давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ аз 7 июни соли 2002 мавриди баррасӣ ва муҳокимаи аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Ирон дар арсаи истирдод, густариши муносиботи кишвари мо бо кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм, таъмини амнияти саросарӣ дар қаламрави ҷумҳуриҳои аъзои ин созмон аз мақсадҳои дигари ворид намудани иловаҳо ба санадҳои дар боло зикргардида мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97