Русия меваҳои хушки моро қабул намекунад

Хабари хуб 06.05.2010 15:49

Русия воридоти меваи хушк аз Тоҷикистонро мамнӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ки ин тасмим ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди вируси бемории фалаҷи кӯдакон, ки он дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст, гирифта шудааст.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки тасмими ҷониби Русия ба иқтисоди кишоварзон, бавижа дар шимоли Тоҷикистон, метавонад хисороти ҷиддие ворид созад. Генадий Онишенко, раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия, бо ирсоли номае ба ниҳодҳои дахлдор аз 2 май воридоти меваи хушк аз Тоҷикистон ба қаламрави ин кишварро мамнӯъ кардааст. Матни ин нома дар сомонаи интернетии ин ниҳод мунташир шудааст. Замони иҷрои ин муқаррарот эълом нашудааст. Вале гуфта шуда, ки ин мамнӯият на танҳо ба ширкатҳое рабт дорад, ки аз Тоҷикистон меваи хушк ворид мекунанд, балки ба куллияи шаҳрвандоне ҳам марбут мешавад, ки дар боғоҷи худ аз Тоҷикистон ба Русия хушкмева ворид мекунанд.

Ба ин далел, ба ниҳодҳои гумрук дар истгоҳи Аксарайски вилояти Асрахан ва ба посгоҳҳои гумрукӣ дар фурӯдгоҳҳои Русия дастур дода шудааст, ки аз воридоти меваи хушки Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд. Ҳамчунин Генадий Онишенко дастур додааст, ки фурӯши меваи хушк ва мағзи тавлиди Тоҷикистон, ки феълан дар қаламрави Русия ворид шудааст, боздошта ва иҷозаи фурӯши он бозхонда шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97