Пули СССР доштед, аз "Амонатбонк" пас бигиред!

Хабари хуб 22.04.2010 14:49

Дар замони Шӯравӣ беш аз як миллиону 600 ҳазор нафар дар Тоҷикистон дар "Амонатбонк" маблағ пасандоз кардаанд. Бонки давлатии "Амонатбонк" эълом кардааст, ки нафароне, ки дар замони Шӯравӣ дар ин бонк пул пасандоз карда буданд, ҳар вақт ки хоҳанд, метавонанд пулҳояшонро бозпас бигиранд.

Абдуқаҳор Қодиров, муовини раиси "Амонатбонк", дар ин бора дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Дар замони Шӯравй беш аз як миллиону 600 ҳазор нафар дар Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон маблағҳои худро дар бонки давлатии Амонатгузорӣ нигоҳ медоштанд.

Аммо баъд аз сукути давлати Шӯравй аксарият дар бораи сарнавишти маблағҳои мардуми Тоҷикистон, ки ба миқдори 3 миллиарду 629 миллиону 800 ҳазор рублро дар бар мегирифтааст, иттилое надоштанд.

Бархе аз бузургсолон, ки дар он замон маболиғи зиёдеро дар "Амонатбонк"-и Шӯравӣ пасандоз карда буданд, мегӯянд, ки пас аз ду-се мавриди иваз шудани пул ва беқурбшавии он эътимоди худро ба ин бонк ва ин мавзӯъ, ки як рӯз бонк пулҳояшонро бармегардонад, аз даст додаанд.

Вале ба гуфтаи Абдуқаҳҳор Қодиров, ин маблағҳо баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1993 якумин бор конвертатсия (табдил) шуда буданд ва ба ихтиёри мардум гузошта шуданд. Вай афзуд, ки маблағҳои амонатгузорон дар соли 1995 боз як бор табдил (конвертатсия) шуда ва ба ҳисобҳои мардум дар "Амонатбонк" ворид шуда буд. Ҳамчунин, барои пардохти ин маблағҳо аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон 800 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфтааст: Ба гуфтаи вай: "Амонатгузорон метавонад ҳар вақте, ки хоҳанд маблағҳои худро бигиранд. Аммо то имрӯз барои гирифтани пасандозҳои худ аз замони Шӯравӣ касе дархост накардааст."

Дар ҳамин ҳол, рӯшан нест, ки қурби маблағҳои пасандозшуда дар замони Шӯравӣ чанд аст ва ҳангоми пардохти онҳо ба мардум "Амонатбонк" ин маблағҳоро чигуна тасфияи ҳисоб мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97