"Тоҷиктелеком" иртиботашро бо "Билайн" баст

Хабари хуб 20.05.2010 19:49

Ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" хатти иртибот аз тариқи телефонҳои симӣ ба ширкати "Таком"-ро қатъ кардааст.

Бег Зуҳуров, муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия ба Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ки ширкати "Таком" ба таври ғайриқонунӣ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон антенаи моҳвораи худро насб карда ва аз ин тариқ бо системи иртибототи Афғонистон иртибот пайдо кардааст.

Ӯ гуфтааст: "Ин иқдоми ширкати "Таком" ба алоқаи дохилӣ, бахусус дар Душанбе халали зиёд мерасонад. Ба ҳамин далел, мо тасмим гирифтем, хатти интиқоли мавҷро ба ин ширкат қатъ кунем".

Ҳамчунин, ба гуфтаи ҷаноби Зуҳуров, ширкати "Таком" ба таври ғайриқонуни беш аз 300 маркази тавзеи мавҷро насб кардааст. Вай афзудааст, ки ширкати "Тоҷиктелеком" ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия борҳо ба ширкати "Таком" огаҳӣ фиристода буданд, аммо ин ширкат "ба гуфтаҳои мо таваҷҷуҳе зоҳир накард".

Дар ҳамин ҳол, ширкати "Таком" ки як бахши ширкати "Билайн"-и Русия аст, иддаоҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияро ва ширкати "Тоҷиктелеком"-ро бепоя медонад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97