Мактаб 12 - сола мешавад

Хабари хуб 06.05.2010 15:50

Порлумони Тоҷикистон муқарраротеро тасвиб кард, ки тибқи он аз соли 2015 гузаштан ба таҳсилоти миёнаи 12-сола оғоз мешавад. Дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон, ки рӯзи 28 апрел доир шуд, пешниҳоди вазорати маориф дар мавриди ислоҳи Қонуни маорифи Тоҷикистон мавриди баррасии намояндагон қарор гирифт.

Яке аз нукоти ислоҳоти пешниҳодӣ дар қонуни маориф гузаштан аз таҳсилоти миёнаи 11-сола ба 12-сола буд, ки тибқи консепсияи таҳияшуда бояд дар солҳои 2015 то 2017 анҷом шавад.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, зарурати гузариш ба таҳсилоти миёнаи 12-соларо ба ворид шудани Тоҷикистон ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ, беҳтар шудани вазъи донишу касбомӯзии шогирдон ва ҷалби бештари духтарон ба омӯзишу парвариш марбут хонд.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, тибқи консепсияи таҳияшуда шогирдон пас аз синфи 10 ба таҳсилоти касбию ҳунаромӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Ба ин тартиб, барои иҷрои ин тарҳ ҳукумати Тоҷикистон маблағи 356 млн. сомонӣ пешбинӣ кардааст. Аммо бисёриҳо дар иҷрои ин тарҳ бо чунин ҳазинае ибрози тардид мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97