Узбакистон боз вагонҳоро боздошт

Хабари хуб 27.05.2010 17:23

Гурӯҳе аз соҳибкорони вилояти Хатлон ба ширкати давлатии Роҳи оҳани Тоҷикисон дар бораи маҳдуд кардани қаторҳои борбарӣ шикоят бурданд.

Андрей Тропин, муъовини раиси хадамоти борбарии ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Узбакистон беш аз як ҳазор қатори борбарии озими Хатлон ва яку ним ҳазор қатори дигар, ки бояд ба Душанбе мерасид мунтазири ҳаракат ҳастанд.

Гуфта мешавад, "муҳосираи" иқтисодии Тоҷикистон аз сӯйи Ӯзбакистон ҳудуди чаҳор моҳ идома дорад. Дар ибтидои моҳи ҷорӣ баъд аз ҳодисаҳои табиӣ дар минтақаи Кӯлоб, ки ҳудуди 600 миллион доллар хисорот гузошт, Узбакистон интиқоли вогонҳо ба ҷануби Тоҷикитсонро аз сар гирифта буд.

Ва ҳоло ба гуфтаи манобеи Роҳи оҳани Тоҷикистон, дар қаламрави Узбакистон беш аз ду ҳазору дусад вогони Тоҷикистон, ки ҳомили маводди сӯхт, сохтмон ва ғизо мебошанд, "асир" уфтодаанд.

Андрей Тропин ба Би-Би-Си гуфтааст, ки ҳоло аз Термез то Мароқанд, яъне то наздикии Самарқанд 620 вагони дорои маводи сӯхт, 127 вогони ҳомили семент, 83 вогони ҳомили гази моеъ, 37 вогони битум ва 129 вогони дорои маводди мухталифи мавриди ниёзи мардум будааст.

Ҷониби Узбакистон, далели аслии дубора бастани шудани роҳи оҳани Термиз - Хатлонро дар харобии хати роҳи оҳан ва ҷамъ шудани шумори зиёди қаторҳо дар Узбакистон хондааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97