Боз як тоҷикро дар Русия куштанд

Хабари хуб 27.05.2010 17:23

Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия, дар истинод ба манобеъи ниҳодҳои интизомии Русия гузориш кардааст, ки пулиси шаҳри Макав дар шимолу ғарби ин шаҳр ҷасади як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистонро пайдо кардааст.

Аз асноди ҳамроҳ бо ин фарди кушташуда, ки аз ӯ ном бурда намешавад, маълум гаштааст, ки вай шаҳрванди Тоҷикистон буда, соли таваллудаш 1959 будааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор рафта ва дар инҷо ба ҳайси кӯчарӯб кор мекардааст. Тибқи иттилои ниҳодҳои интизомии Русия, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар асари лату кӯби бераҳмона ҷон додааст. Дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97