IRS ғайриқонунӣ маблағ меғундорад?

Хабари хуб 06.05.2010 15:50

Ширкати "Innovative Road Solutions" ("IRS") аз 1 майи соли ҷорӣ барои истифода аз роҳи "Душанбе-Чаноқ" ба таври ғайриқонунӣ маблағ меситонад. Дар ин бора Амонулло Ашӯр, раиси идораи зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон рӯзи 4 май итилоъ додааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Амонулло Ашӯр, ин ширкат таъруфаҳои истифода аз роҳро, ки ҳоло аз ронандаҳо ситонда мешавад, бо Идораи иддиинҳисорӣ ҳамоҳанг накардааст. Ӯ гуфтааст: "Тибқи қонун бояд таъруфаҳо аз 1 май соли ҷорӣ мавриди таҷдиди назар воқеъ мешуданд. Таъруфаҳо бо ин ширкат барои як моҳ таъйин карда шуда буданд."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Ашӯр, таъруфаҳои ин роҳ баъд аз як моҳ пас аз таҳлилҳои фоида ва хароҷоти ин ширкат бояд бознигрӣ мешуданд.

Ӯ афзудааст: "Ширкати бритониёии "Innovative Road Solutions" ("IRS") сатҳи зиндагии мардумро ба назар нагирифта, намехоҳад дар таъруфаҳо таҷдиди назар кунад. Ҳамчунин, ин ширкат аз вазъи молӣ ва иқтисодии худ ба идораи зидиинҳисорӣ намехоҳад гузориш диҳад. Ин ширкат ба идораи зиддиинҳисорӣ мегӯяд, ки вазъи молӣ ва иқтисодии ин ширкат сирри молии ширкат маҳсуб мешавад."

Ҳафтае қабл низ масъулони ин ширкат дар як конфронси хабарӣ аз ироаи бештар дар мавриди фаъолияти ширкаташон худдорӣ мекарданд. Ба кулия суолҳои хабарнигорон, танҳо як ҷавоб мегуфтанд: "Сирри молии ширкат аст".

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97