Талаби товони хисорот

Хабари хуб 20.05.2010 19:49

Ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон", ки мутаъалиқ ба ширкати "Газпромнефт"-и Русия аст, гуфтааст, аз Узбакистон барои мутаваққиф кардани вагонҳояш ҷуброни хисорат талаб мекунад.

Ба гуфтаи Фарҳод Мирзоев, муовини раиси ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" дар умури фурӯши маҳсулоти нафтии яклухт, ин ширкат дар рӯзҳои наздик ба Узбакистон номаи эътирозӣ ирсол карда ва талаботи худро бо мақомоти узбак дар миён хоҳад гузошт.

Ҷаноби Мирзоев афзудааст: ба далели он ки Узбакистон вагонҳои ширкати "Газпром"-ро дар қаламрави худ нигоҳ доштааст, ин ширкат то кунун беш аз 800 ҳазор доллари амрикоӣ аз ин кор зиён дидааст. Ба ҳамин далел, тибқи қонунҳои байналмилалӣ Узбакистон бояд хисороти воридаро ҷуброн кунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир беш аз 297 вагони боркаши ин ширкат дар Узбакистон бе ягон далел банд мондаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97