Алимардонов ба Узбакистон меравад

Хабари хуб 22.04.2010 14:50

Тибқи иттилои вазорати хориҷаи кишварамон, ҳоло беш аз ду ҳазор вагони бори Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон дар банд ҳастанд. Муовини вазири хориҷа, Абдулло Юлдошев дар як нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки қарор аст комиссияи масоили иқтисодӣ таҳти сарпарастии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар наздиктарин фурсат ба Тошканд, пойтахти Узбакистон биравад.

Ин ҳайат бо Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон, дар мавриди ҳалли мушкили мутаваққиф шудани вагонҳои борбари Тоҷикистон гуфтугӯ мекунад.

Ҷаноби Юлдошев аз ироаи ҷузъиёти ин музокира худдорӣ кардааст, вале гуфтааст, ки умед ба ҳалли мусбати ин масъала вуҷуд дорад.

Рустам Юлдошев дар бораи натиҷаи мусбати ин музокира ибрози умедворӣ карда гуфтааст: "Мо дар муносиботи Тоҷикистон бо Узбакистон мушкилоти сиёсӣ надорем, мушкили асосӣ миёни ин кишварҳо интиқоли мол аз тариқи роҳи қатор аст, ки ба ақидаи вазорати мо, ин мушкил хеле тӯл кашида ва бо вокунишҳо ва изҳоротҳо ҳал намешавад."

Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, гир кардани вагонҳои борбари Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон, бавижа барои вилояти Хатлон, таъсири манфӣ расонидааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаракати қаторҳои борбар ба шаҳри Қурғонтеппа, аз 18-уми феврали соли ҷорӣ ба баъд сурат нагирифтааст. Ҷониби Узбакистон сабаби таваққуфи ҳаракат дар ин масирро хароб будани қисматҳое аз роҳ дар тӯли 34 км дар интиҳои роҳ ба Тоҷикистон унвон карданд. Вале ҷаноби Юлдошев ин иддаои мақомоти узбакро бепоя хондааст.

Дар моҳи ноябри соли гузашта ҷониби Узбакистон қаторҳои бории Тоҷикистонро дар истгоҳҳояш мутаваққиф кард ва ширкати "Узбакистон Темир Йӯлларӣ" ин амрро ба далоили фаннӣ, аз ҷумла интиқоли молҳои ғайринизомии Амрико аз тариқи ин кишвар ба Афғонистон марбут хонда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97