Ҳодисаи табиӣ 3 нафарро кушт

Хабари хуб 19.03.2010 20:59

Бар асари резиши санг дар ноҳияи Айнӣ се нафар кушта ва 2 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, ин ҳодиса дар наздики деҳаи Пате, воқеъ дар 111 километрии роҳи Душанбе-Хуҷанд рух додааст.

Дӯстмурод Забиров, корманди ин дафтари матбуотӣ гуфтааст, ки ба ҳангоми резиши санг мошини Хайрулло Шарифов аз масир хориҷ шуда ва ба дарёи Фон афтодааст ва дар натиҷа, се мусофири ҷон дода ва ду нафари дигар, бо ҷароҳати зиёд дар бемористони ноҳияи Айнӣ бистарӣ шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97