Маҳмадаминов вазир шуд

Хабари хуб 13.03.2010 19:55

Дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба вуҷуд омад. Аз ҷумла бо фармони президенти Тоҷикистон собиқ раиси "Амонатбонк" Маҳмадамин Маҳмадаминов вазири нави меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кишвар таъин шуд. Вай дар ин вазифа ҷойгузини Шукурҷон Зуҳуров гардид. Раҳмат Бобокалонов вазири мелориатсия ва захираҳои обии кишвар, Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали вазири молия таъин карда шуданд.

Нуралӣ Риоев мудири шӯъбаи ташкилӣ, Абдусаттор Раҷабов мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти таъин шуданд. Ҳамчунин дар дигар ниҳодҳои давлатӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бо қарори ҳукумати кишвар Суман Тағоева раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд, ки қаблан вазифаи муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоиро бар ӯҳда дошт. Академик Носирҷон Салимов ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъин гардид, ки то кунун ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров буд. Гуфта мешавад, ки раиси собиқи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ ва ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Марҳабо Ҷабборова вакилони порлумон интихоб гардидаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97