Туркманистон обанбори Қароқумро месозад

Хабари хуб 25.03.2010 17:07

Раиси ҷумҳурии Туркманистон гуфтааст, ки бо вуҷуди интиқодоти зиёд дар расонаҳои хориҷӣ кишвараш обанбори Қароқумро хоҳад сохт. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки рӯзи 18 март пас аз дидор бо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, зарурати ин амрро беҳбуд бахшидан ба вазъи муҳити зист ва истифодаи муассир аз об хонд.

Ба гуфтаи ҷаноби Бердимуҳаммадов, дар даврони Шӯравӣ оби дар киштзорҳо истифодашуда ба биёбон ҷорӣ мешуд ва минтақаҳои бузург ба ботлоқ ва шӯразор мубаддал шуда буданд.

Раиси ҷумҳурии Туркманистон таъкид кард, ки ҳамакнун ин кишвар дар чаҳорчӯби Конвенсияи СММ дар мавриди муқобала бо биёбоншавӣ аз тариқи бунёди канал ва заҳбур ботлоқҳоро хушк карда ва сатҳи намакро дар киштзорҳо коҳиш медиҳад.

Ҷониби Туркманистон ба ин манзур барои эҳдоси обанбор 500 млн. доллар ихтисос додааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе аз коршиносон аз ин иқдом интиқод карда ва гуфтаанд, ки сохтмони ин обанбор монеи расидани манобеи об ба баҳри Арал мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ масоили оби минтақаро матраҳ карда ва истифода аз манобеъ ва захоири табиӣ, аз ҷумла манобеи обро ҳаққи қонунии Тоҷикистон талаққӣ кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳоле ки Тоҷикистон дорои захоири бузурги энержии обӣ аст, аммо дар шаш моҳи тирамоҳу зимистон бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ мешавад.

Ҳамзамон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки Тоҷикистон ба ҳангоми эҳдоси нерӯгоҳҳои обӣ манофеъи кишварҳои минтақаро дар назар хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов, раисони ҷумҳурии Қазоқистон ва Узбакистон, 17 март дар шаҳри Тошканд зимни судури як баёнияи муштарак хостори таҳқиқоти байналмилалии тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон шудаанд.

Ҳамчунин, ҷаноби Назарбоев гуфтааст, ки Қазоқистон ва Узбакистон ба замонати амнияти нерӯгоҳҳои обӣ, ки дар кишварҳои болооби минтақаи Осиёи Марказӣ сохта мешаванд, ниёз доранд.

Дар нишасти хабарии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон мавзӯъи нерӯгоҳи "Роғун" матраҳ нашуд. Ин ду кишвар ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои нақлиёт, роҳҳои ҳавоӣ, истихроҷи маъдани нафту газ, энержӣ, транзити нерӯи барқ, ҷаҳонгардӣ, фарҳангӣ ва варзиш таъкид карданд.

Дар ҷараёни дидори Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Тоҷикистон миёни ин ду кишвар 6 санади ҳамкорӣ ва як баёнияи муштараки раисони ҷумҳурии Туркманистон ва Тоҷикистон имзо шуд.

Ҷонибҳо дар мавриди баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон ва тадобири мушобеҳи фарҳангӣ дар Тоҷикистон тавофуқ кардаанд.

Дар ин дидор вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва муборизаи муштарак алайҳи маводди мухаддиру тероризм матраҳ шуда ва ҷонибҳо хостори ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон шудаанд.

Ҳачунин, ҷонибҳо таъкид карданд, ки дар ҳамоҳангӣ бо Афғонистон аз Туркманистон тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон роҳи мошингард, хати барқ ва лӯлаҳои газрасонӣ бунёд хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97