Бонки Осиёии Рушд 74 млн доллар ёрӣ мекунад

Хабари хуб 19.03.2010 21:00

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳоди байналмилалии молӣ, дар назар аст 40 млн. доллар барои бахши энержӣ ва 34 млн. доллари дигар барои рушди бахши хусусии Тоҷикистон масраф шавад.

Дар ҳамин ҳол, Хуан Миранда, мудири кулли Идораи Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд дар ҷараёни дидори якрӯзааш аз Тоҷикистон рӯзи 15 март бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, дурнамои барномаҳои ин бонк дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Таъкид шудааст, ки БОР стратегияи нави ҳамкориҳоро бо номи "Стротегия-2010"-ро таҳия кардааст, ки дар он дурнамои фаъолияти ин ниҳоди молӣ дар 11 соли оянда дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Рушди зербиноӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, тавсеъаи бахши молӣ, омӯзишу парвариш ва ҳифзи муҳити зист аз авлавиятҳои умдаи ин стратегия унвон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ин ниҳод дар садад аст ба манзури таъмини шаффофият дар истифодаи кӯмакҳои молии Бонки Осиёии Рушд дар ин кишвар барои интихоби ширкати бозрасии молӣ (аудитор) озмун эълом кунад.

Ин манбаъ гуфтааст, дар назар аст, ширкати ғолиб дар ин озмун иҷрои 13 тарҳро, ки ин ниҳоди молӣ дар соли гузашта дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, бозрасӣ кунад.

Аз замони узвияти Тоҷикистон дар Бонки Осиёии Рушд дар соли 1998 то ба ҳол ин ниҳоди байналмилалии молӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 560 млн. доллар вом ва кӯмакҳои молии билоиваз тахсис додааст.

Аз ҷумла, Макота Оҷиро, намояндаи БОР дар Тоҷикистон дар соли гузашта эълом дошт, ба хотири коҳиши асароти бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ин ниҳоди молӣ дар солҳои 2009 ва 2010 ба миқдори 102 млн. доллар кӯмаки билоиваз ба Тоҷикистон тахсис хоҳад дод.

Ҳамчунин, ин бонк дар соли гузашта барои бозсозии системи тавзеъи барқи неругоҳи обии Норак ба миқдори 55 млн. доллар сармоягузорӣ карда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97