Номаи модари Ёқуб ба Шерхон Салимзода

Хабари хуб 25.03.2010 17:07

Модари Ёқуб Салимов, Ашӯрбӣ Салимова дар номае ба Додсиони кулли кишвар, Шерхон Салимзода аз нигаҳдории фарзандаш дар камераи алоҳида нигаронӣ кардааст.

Ёқуб Салимов собиқ Вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи гумрук, 25 апрели соли 2005 бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ ба хотири ҷурми содиркардааш бо мусодираи амвол, маҳрум сохтан аз ишғоли вазифаҳо ва ба мӯҳлати 15 сол маҳрум аз озодӣ, маҳкум шуда буд.

Модари Ёқуб Салимов дар номааш овардааст: "ҳукми писарам аз 25-уми апрели соли 2005 ба қувваи қонунӣ даромада бояд мавриди иҷроиш қарор меёфт. Аммо ӯ аз рӯзи ба қувваи иҷроиш даромадани ҳукми ҷазо дар маҳкамаи тафтишотӣ, дар дохили камера ҳукми ҷазоро адо карда истодааст, ки ба адои ҷазо дар маҳбас баробар аст. Ин ҳолатро зидди талаби ҳукм ва қонун меҳисобам".

Ашӯрбӣ Салимова норизоии худро аз додситон, ки назорат аз болои ҳукми судҳо ба дӯши онҳо аст гуфтааст: "Аз рӯи қонун назорат аз болои ҳукми судҳо ва иҷроиш ба дӯши додситон вогузор карда шудааст. Пас дар кадом асос ва кадом асноди ҳуқуқӣ муддати 5 сол мешавад, бар хилофи қонун ва ҳукми суд, ки низому мӯҳлати ҷазоро муайян карда буд, дар ин муассисаи тафтишотӣ, дар камераи алоҳида бо қулфу панҷараҳои иловагӣ сохта, аз дигар бо панҷара ҷудо карда, чун маҳбуси низомаш сангин зери фишору таҳқир нигоҳ медоранд? Танҳо дар 4 рӯз 1 соат барои ҳавои тоза берун мебароранд".

Дар ҷое аз номааш модари Ёқуб Салимов мегӯяд: "Ман мехоҳам бифаҳмам, ки ин чӣ низом аст? Маҳбусони низомашон сахт, то ҷое, ки ман иттилоъ пайдо кардам, на зери панҷараву на дарҳои баста, балки озод дар маҳбас мегарданду аз ҳама ҳуқуқҳояшон бархӯрдоранд. Озод табобат мегиранд, озод қадам мезананд, кор мекунанд, бо наздиконашон дидорбинии тӯлонӣ доранд. Магар ҳукми судро ягон мақомот бекор карда метавонад, ба ҷуз худи суд? Агар чуни аст, пас назорат аз рӯи ин худсариву қонунпоймолкуниҳо аз тарафи кӣ назорат мешавад? Агар назорат аз рӯи қонун ба дӯши Додситон вогузор шуда бошад, пас чаро ба ин ҳама қонуншиканиҳо хотима дода намешавад? Вазорати адлия тақозо мекунад, ки бе иҷозати Додситон ин қазияро ҳал карда наметавонад, ин чӣ муаммоест, касе намехоҳад ба дӯш бигирад? Пас ин ҳукми суд ва ин қонун куҷо шуд, ба кӣ арзу дод ва шикоят барем?...".

Ашӯрбӣ Салимова дар поёни номааш аз Додситони кулл хоҳиш кардааст, ки ба ҳамаи ин худсариву қонуншиканиҳо хотима бахшаду ба қазияи сарпечида кӯмак карда, баҳои ҳуқуқӣ диҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97