Хилвате берун аз хилват

Хабари хуб 19.03.2010 20:59

Ҳафтаи гузашта дар рӯзи таҷлили матбуот барандагони ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муайян карда шуданд. Миёни барандагони ин ҷоиза журналисти варзида Хилватшоҳи Маҳмуд низ буд.

Хилватшоҳи Маҳмуд хатмкардаи факултаи филолгияи ДМТ буда, солиёни зиёд дар соҳаи маориф ва журналистикаи кишвар фаъолият кардааст. Айни замон дар симати сармуҳаррири СМТ фаъолияти густурда дорад. Аҳли қалами "Миллат" эшонро барои дарёфти ин ҷоизаи касбӣ табрик менамоянд ва дар самти эҷод ва журнализми касбӣ барояш барор мехоҳанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97