Шайхи ал-Азҳар даргузашт

Хабари хуб 13.03.2010 19:54

Шайхи ал-Азҳар, Муҳаммад Сайид Тантовӣ рӯзи чаҳоршанбе, 10-уми март дар роҳи бозгашт ба Қоҳира дар фурудгоҳи байналмилалии Холиди шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар пайи хурӯҷи дарди дил вафот кард.

Шайхи 82-солаи бузургтарин донишгоҳи исломии ҷаҳон ал-Азҳар, ки ҳамагӣ як рӯз пеш барои иштирок дар маросими тавзеъи ҷоизаҳои байналмилалии Шоҳ Файсал ба Риёз омада буд, хурӯҷи дарди дил риштаи умрашро канд. Хонаводаи ӯ хостори он шудаанд, ки ҷасадашро дар шаҳри Мадина ба хок супоранд.

Тантовӣ аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷастаи исломӣ шинохта шуда буд ва дар донишгоҳҳои маъруфи Миср, Либия ва Арабистони Саудӣ дарс гуфтааст. Дар илми ҳадис ва тафсир рисолаҳо навишта, бархе аз сураҳои Қуръонро тафсир кардааст. Аз соли 1986 то соли 1996 муфтии Миср кор карда, соли 1996 шайхи ал-Азҳар таъйин шуд.

Тантовӣ дар тирамоҳи соли гузашта меҳмони Тоҷикистон шуда, дар Симпозиуми байналмилаии "Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо" дар Душанбе ширкат намуд.

Шайхи ал-Азҳар ба ҳайси сарвари бузургтарин муассисаи аҳли суннат дар ҷаҳон вақтҳои ахир аҳаммияти маконати саҳобагонро ба такрор ба таъкид мерасонд ва хостори тақриб байни аҳли суннат ва шеъа дар сатҳи донишмандон ва мутахассисон буд.

Бояд гуфт, ки дар муассисоти таълимӣ ва Донишгоҳи ал-Азҳари Миср садҳо донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд, ки пас аз истиқлолият ёфтани Тоҷикистон ба он роҳ ёфтаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97