Ҷаласаи аввали порлумони Тоҷикистон

Хабари хуб 19.03.2010 21:01

Кӯҳансолтарин вакили порлумони нав, Амир Қарақулов - раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагонро ифтитоҳ кард. Тавре интизор мерафт Шукурҷон Зуҳуров бо касби орои аксарияти вакилон раиси порлумон интихоб шуд.

Ҳамчунин дар баробари раиси Маҷлис, муовини аввал, муовинони раис, раисони кумитаҳо ва камисияҳои порлумон низ интихоб гардиданд.

Шукурҷон Зуҳуров ягона номзади бидуни алтернатив дар ин иҷлосия буд, ки ба сифати раиси Маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Шукурҷон Зуҳуров номзадии Амиршо Миралиев, собиқ раиси Дастгоҳи иҷроияи Президентро ба унвони муовини аввал ва Назира Ғаффорова, собиқ ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони хидмати давлатӣ ва Мергант Шаҳбозов, раиси собиқи Кумитаи давлатии оморро ба сифати муовинони худ пешниҳод кард, ки аз ҷониби вакилон пазируфта шуданд.

Шукурҷон Зуҳуров пас аз интихоб шудан ба мақоми раиси парлумон дар суханрони хеш изҳор кард, ки "муддати 18 соли ахир дар паҳлӯи президенти мӯҳтарам дар вазифаҳои мухталиф дар ҳукумат кор кардам. Ва мо солҳои бисёр вазнинро пушти сар кардем. Ҳолатҳои бисёр мушкил ва вазнин ҳам шахсан ба сари ман омаданд. Аммо ҳамавақт пуштибонӣ, дастгирӣ ва ғамхории ин шахсиятро эҳсос мекардам ва аз маслиҳату машварати вай бархӯрдор будам, ки то имрӯз расидем".

Президенти кишвар зимни суханронии худ дар ин ҷаласа аз хидматҳои Зуҳуров дар давраи фаъолияташ дар ҳукумати Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, ӯро ба сифати як аз содиқтарин мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон ном бурд. Ӯ изҳор дошт, ки "аз номи худ ва аз номи Ҳукумати Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро барои ба мақоми раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуданаш табрику таҳният гуфта ва барояшон саломатӣ ва барори кор таманно дорам".

Инчунин Президент Эмомалӣ Раҳмон ба раиси собиқи порлумон Сайдулло Хайруллоев барои фаъолияти доманадораш дар тӯли 10 сол миннатдорӣ баён намуд ва ӯро аз ҳисобаи квота ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ кард.

Муаррифномаи "Миллат":

Зуҳуров Шукурҷон 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шудааст. Соли 1970 мактаби миёнаи рақами 4 ноҳияи Панҷро хатм намуда, ба донишгоҳи муҳандисӣ -заминсозии шаҳри Макав дохил шуд ва соҳиби ихтисоси муҳандиси заминсоз гардид. Соли 1992 Академияи идоракунии Федератсияи Русияро низ хатм намуд.

Вай тайи солҳои 1976-1979 дар имрӯза ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба сифати муҳандис-заминсоз ва баъдан дар комиҷрояи собиқ вилояти Қуғонтеппа ба ҳайси сардори шӯъбаи истифодаи замин ва заминсозӣ кор кардааст.

Аз соли 1979 то 1986 дар Кумитаи Марказии комсомолии Тоҷикистон дар вазифаҳои инструктор, мудири шӯъба, котиби Кумитаи марказии комсомолии Тоҷикистон адои вазифа намуд. Соли 1986 Зуҳуров Шукурҷон раиси комиҷрояи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (Нуробод) интихоб гардид.

Аз соли 1990 то соли 1998 ба ҳайси раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуд.

Зуҳуров Шукурҷон аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намудааст. Ӯ дар ду давраи аввал (Маскав, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраи дигар муовини авввали раиси ин ҳайат буд. Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи зеркомиссияи муҳоҷирини Комиссияи Оштии Миллӣ кор кардааст.Ӯ дар як вақт аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаи барқарорсозии баъди ҷангро иҷро намудааст.

Зуҳуров Шукурҷон соли 2001 дар вазифаи мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2003 Раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва аз соли 2003 то соли 2005 дар вазифаи муовини роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Презтденти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда аст.

27 феврали соли 2005 аз округи интихоботии "Қубодиён-31" вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон итихоб шуда аст. Аз 1 декабри 2006 дар вазифаи Вазир меҳнат ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда аст.

Бо орденҳои "Дустӣ" ,"Шараф" медал ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Оиладор ва соҳиби панҷфарзанд мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97