Нигаронии Шокирҷон Ҳакимов аз мақомоти Конибодом

Хабари хуб 25.03.2010 17:03

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲСДТ ва номзади интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи Конибодом, мегӯяд, ки бо гузашти панҷ рӯз аз эъломи натоиҷи интихоботи такрорӣ мақомоти маҳаллӣ ҳамчунон ба озору азияти тарафдорони ӯ дар ин ноҳия машғуланд.

Ҷаноби Ҳакимов, ки бар асоси натоиҷи эъломшудаи интихобот орои камтаре аз рақиби худ ба даст овардааст, гуфтааст, ки тасмим дорад аз мавридҳои густардаи тахаллуф ва беназмиҳо дар ҷараёни раъйгирӣ аввал ба КМИР ва сипас ба додгоҳ шикоят бубарад.

Мақомҳои интихоботӣ дар ноҳияи Конибодом як рӯз пас аз интихоботи 14 март эълом карда буданд, ки дар интихоботи такрорӣ дар ҳавзаи шумораи 19 ин ноҳия Насруллоҳ Маҳмудов, номзад аз ҲХДТ, бо касби 54,7 дарсади орои умумӣ пирӯз шудааст.

Ба гуфтаи масъулони коммисияи маҳаллии интихобот, Шокирҷон Ҳакимов дар интихоботи такрорӣ 41,7 дарсади ороро ба даст оварда, аммо муваффақ нашудааст, ки рақиби худро мағлуб кунад.

Шокирҷон Ҳакимов ба навбаи худ муътақид аст, ки ӯ раъйи бештаре аз мардумро ба даст оварда, вале дар шумориши оро натоиҷи он ба манфиати рақибаш дасткорӣ шудааст. Вай мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Конибодомро ба даст доштан дар тахаллуф ва мудохила дар умури интихоботӣ муттаҳам мекунад.

Шокирҷон Ҳакимов муддаист, ки пас аз анҷоми интихобот мақомоти шаҳри Конибодом, бисёре аз тарафдорони ӯро ҳадафи озору азият қарор дода ва ҳатто иддаеро маҷбур кардаанд, ки аз вазифаи худ даст кашанд ва ё аз симатҳои худ истеъфо бидиҳанд.

Мақомоти шаҳри Конибодом ин иддаоҳоро бепоя мехонанд, вале ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, ки ҳамарӯза шумори зиёде аз тарафдоронаш ба ӯ занг мезананд ва аз фишори мақомоти маҳаллӣ хабар медиҳанд. Шокирҷон Ҳакимов афзудааст, ки рӯзи ҷумъа суҳбате телефонӣ бо мақомоти КМИР анҷом дода ва аз онҳо тақозо кардааст, то пеши роҳи "ҳама гуна амалҳои ғайриқонунии" мақомҳои шаҳри Конибодом гирифта шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97