Хабари хуб

Додихудо Саймуддинов: Риояи меъёри забонро тақозо хоҳем кард 19.11.2009 15:17 Додихудо Саймуддинов: Риояи меъёри забонро тақозо хоҳем кард
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Сӯҳбати кӯтоҳе, ки бо ӯ анҷом додем, пешкаши шумо мешавад.

Қаҳрамони мо қаҳрамони Русия шуд 30.10.2009 18:10
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оид ба гӯштии тарзи дзюдо Расул Боқиеви тоҷик унвони қаҳрамониро ба даст овардааст.
Русия боз ба Роғун бармегардад? 30.10.2009 18:10
Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфтааст, ки Русия дар бунёди нирӯгоҳи Роғун дар чаҳорчӯби консорсиюми байналмилалӣ барои сохтмони ин нирӯгоҳ ширкат хоҳад кард.
Хиёнаткорон ҳукми тӯлонӣ гирифтанд 30.10.2009 18:09
Додгоҳи вилояти Суғд, мақомдорони пешини корхонаи “Востокредмет”-ро ба муддатҳои аз 10 то 22 сол зиндон маҳкум кардааст.
Аз Русия тоҷиконро намеронанд?! 30.10.2009 18:09
Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз кишварҳои хориҷӣ ихроҷ шудаанд, ду маротиба коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки аз Тоҷикистон ихроҷ карда мешаванд, дар ҳоли афзоиш буда, ҳамчунин, афзоиши ҷиноят дар миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст.
Милисаро дар дили Душанбе куштанд 23.10.2009 19:34
Пас аз нисфирӯзии рӯзи душанбе корманди ШКД-и н.Фирдавсии шаҳри Душанбе Дӯстмурод Бадалов бо зарбаи тири тапочаи макаров кушта шуд. Дар ин ҳодиса як корманди дигари ин ниҳод ҷароҳат бардоштааст. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев, гуфтааст, ки ин ҳодиса дар парки "Дӯстии ҳалқҳо", дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, рух додааст.
Додситони қочоқбар дастгир шуд 23.10.2009 19:34
Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ як корманди Додситонии куллро дар қочоқи маводди мухаддир гумонбар медонад. Гуфта мешавад, ки ин корманди додситонӣ, ки номи вай эълом намешавад, ба ҳангоми интиқоли беш аз 127 киллограмм намуди мухталифи маводди мухаддир дар яке аз посгоҳҳои наздики шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
Ронандагон камарбандро фаромӯш накунед! 23.10.2009 19:33
Истифода аз камарбанд барои мусофирон ва ронандагони автомобилҳо дар Тоҷикистон дубора ҳатмӣ мешавад. Пажӯҳишҳо ҳокист, ки дар сурати истифода аз камарбанд мизони амнияти мусофирон то 30 дарсад афзоиш меёбад. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки дар роҳҳои мошингарди кӯҳистонӣ истифода аз камарбанд ҳамчунон ҳатмӣ нест.
Даргирӣ дар Исфара чаҳор кушта бар ҷой гузошт 23.10.2009 19:33
Вазорати корҳои дохила аз кушта шудани чаҳор нафар, ки аз аъзои Ҷунбиши Исломии Узбакистон будаанд ва боздошти як нафари дигар дар шимоли кишвар хабар дод.
Имшаб зилзила омад 23.10.2009 16:36
Нисфишаби 23 октябр, соати 00. 51 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар кишвар заминларза ба вуқуъ омад. Тибҷи ҷадвали МСК-64 тавоноии заминларза дар шаҳри Душанбе 4-5 дараҷа ва дар вилояти Хатлон 3-4 дараҷа будааст.
Маҳдудияти барқ дар баъзе манотиқи кишвар 15.10.2009 15:29
Дар бархе аз манотиқи деҳоти ҷумҳурӣ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба манзили сокинон роҳандозӣ шудааст. Ҳарчанд интиқоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ҳанӯз реҷабандӣ нашудааст, вале ширкати "Барқи тоҷик" ба манзури сарфаи барқ барои фасли сармо роҳандозии чунин маҳдудиятҳоро рӯйи даст гирифтааст. Ба ин манзур ҳатто чароғҳои бархе аз хиёбонҳои шаҳрҳо ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97