Сел дар Рашт

Хабари хуб 01.04.2010 19:25

Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи 27 март, бар асари бориши зиёд сел ба дарёи Сурхоб дар деҳаи Самсолиқи ҷамоати Ғулмон, сангу реги зиёд сарозер шуда ва маҷрои дарёро бастааст. Дар натиҷаи сарозер шудани сел ба дарё, дар инҷо садди баландиаш 20 метрӣ ба вуҷуд омадаааст.

Ин сад далели ба вуҷуд омадани кули сунъие шудааст, ки ҳаҷми оби онро масъулони Вазорати ҳолатҳои фавқуллода як млн. метри кубӣ тахмин задаанд. Дустмурод Забиров, сухангӯи ин вазорат гуфтааст, ки ҳоло дар ин мавзеъ хатари сарозер шудани башиддати ин об ва зери об мондани бархе аз навоҳии соҳили дарё вуҷуд дорад.

Оқои Забиров афзудааст, ки ба ин далел аҳолии се деҳаи Ғулмон, Чорсада ва Сичароғ хонаҳои худро тарк карда ва ба манотиқи амн дар ноҳияи Нуробод кӯч дода шудаанд. Дустмурод Забиров гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир маҷрои оби кули сунъӣ дар самт ва суръати амн ҷорӣ мешавад ва кормандони вазорати умури изтирорӣ вазъиятро зери назорат доранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97